Таъкиди Теҳрон бар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон

Таъкиди Теҳрон бар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Раиси ҷумҳури Эрон – Иброҳими Раисӣ, дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, бар идомаи ҳамкорҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Иброҳими Раисӣ бо ирсоли паёме солрӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро табрик гуфт.

Дар идомаи паёми Раисӣ омадааст: Равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳо ва иштирокоти амиқи фарҳангӣ, мазҳабӣ, торихӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистон аз раванди хубе бархурдор шудааст.

Вай ибрози умедворӣ кард: Бо идомаи дидори мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак шоҳиди фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манофеи дуҷониба ва таҳкими сулҳу саботи минтақа бошем.

Раисӣ дар поёни ин паём аз даргоҳи Худованди Мутаол барои ҳамтои тоҷики худ саломатӣ ва муваффақият ва барои мардуми азизи Тоҷикистон беҳрӯзӣ ва сарафрозӣ орзу кардааст.

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахши Ҳофиз таъсис гардид
Ҳуқуқи мусалмонҳо нисбат ба якдигар

Матолиби пурбоздид