Таърих – ганҷинаи дарсу ибрат
“Таърихи ҷаҳон ва саргузашти ҷаҳониён ва нишебу фарозҳое, ки барои афрод ва миллатҳо ҳамвора пеш омада ва пеш меояд, беҳтарин муаллим аст. Рамзи саодат дар кайфияти истифода ва баҳрае аст, ки инсон аз омӯзишҳои таквин мебарад. Ҳазрати Алӣ (дар он номаи маъруф) ба фарзанди бузургвори худ Ҳасан ибни Алӣ тавсия мекунад:
“Дар таърихи гузаштагон фикр кун ва осори онҳоро мутолеа намо. Ман худам ҳарчанд дар он замонҳо набудаам ва аз наздик шоҳиди вақойеъи онҳо ва зеру рӯ шудани авзоъи онҳо набудаам, вале дар таърихи зиндагонии онҳо сайру мутолеа кардаам, рамзи кори онҳо ва нишебу фарозҳои зиндагонии онҳоро ба даст овардаам, ҳоло мисли ин аст, ки ҳамроҳи онҳо будаам чун иттилооти кофӣ дар ин замина дорам ва балки мисли ин аст, ки аз аввали дунё то имрӯз зинда будаам ва ҳамроҳи ҳамаи онҳо будаам, таҷрибаҳои фаровон омӯхтаам, дарсҳои зиёде ёд гирифтаам, акнун ганҷинае ҳастам аз таҷрибаҳо ва ҳикматҳо, ки ба сурати панду андарз барои ту ва дигарон баён мекунам”.
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн