Таъсири ҳолоти руҳӣ ва равонӣ дар андеша
Бахши аввал
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Яке аз тафовутҳои асосӣ байни донишмандони худамон бо донишмандони 3 қарни ахири ғарбӣ (ва дунболаравони шарқии онҳо) – ки камтар мавриди таваҷҷӯҳ будааст – дар “равиши таҳқиқи масоил” ва ба истилоҳ, дар методология аст. Аввал лозим аст “равиши таҳқиқи масоил”-ро бароятон тавзеҳ бидиҳам, то матлаб равшан бишавад.
Тавзеҳ ин ки: баррасии масъалаҳои ҳар илм ва донише, як равиши махсус ва як методолигияи махсус ба худро дорад, ки бояд риоят шавад. Масалан, равиши таҳқиқ ва баррасии масоили таърихӣ, равиши нақлӣ аст, ки бояд дар асноду мадорики таърихӣ – ки ҳама нақл аст – кандуков кард, ки кадоминаш дуруст аст ва кадоминаш нодуруст, ноқил ва гӯяндааш кист, оё дурӯғгӯ набуда, оё ҳофизааш дуруст буда ва ғайра. Ва хулоса, ҳама нақлии маҳз аст. Ба хилофи математика масалан, ки равиши баррасии масоили он, ақлии маҳз аст. Дар масоили математикӣ шумо намегӯед, ки масалан фалон муаррих чӣ гуфтааст, балки ақли худро бояд ба кор гиред. Ин ки ҳосили 5 зарби 6, 30 мешавадро касе бароятон нақл накарда, балки бо ақли худатон ёфтаед.
Пас, ҳамон тавре ки дар фаҳми масоили таърихӣ, тааққули маҳз ба дард намехӯрад, ҳамчунин дар фаҳми масоили математикӣ низ нақл ба дард намехӯрад. Ҳар яке равиши махсуси худро дорад. Агар масалан бихоҳед бидонед, ки поягузори давлати Сомониён чӣ касе будааст, барои донистани он, фақат бояд суроғи асноду мадорик, яъне нақл рафт, агар 20 сол ҳам бихоҳед ба зеҳнатон фишор оваред, то инро бифаҳмед, нахоҳед фаҳмид, магар аз роҳи нақл.
Дар ҷойи худаш ин баҳс шудааст – ва феълан намехоҳам воридаш шавам – ки равиши таҳқиқ ва баррасии масоили фалсафӣ, ақлӣ ва таъаққулии маҳз аст, на нақлӣ ва на таҷрибӣ ва озмоишӣ. Ин ки масалан “кулл бузургтар аз ҷузъи худ аст”, идроккунандаи ин масъала ақл аст, на таҷриба ва на озмоиш ва на нақл.
Хуб, аз хусусиятҳои масоили фалсафӣ яке куллият аст ва дигаре қатъият, дуруст мисли масоили математикӣ. Агар фалсафа мегӯяд, “кулл аз ҷузъи худ бузургтар аст”, ин як масъалаи қатъист, яъне сад дар сад ва бешак чунин аст, ҷойи занну гумон надорад. Ва ҳамчунин куллӣ аст, яъне дар ҳама ҷо чунин аст. Масоили математикӣ низ чунин ҳастанд. Агар 5 зарби 6, баробари 30 аст, ин қатъист, сад дар сад чунин аст ва низ куллӣ аст, на ин ки дар оянда замоне шояд биёяд, ки 5 зарби 6, баробари 35 бошад. На. Чунин нест.
Аммо донишҳое, ки равиши таҳқиқи масоили онҳо таҷрибӣ ҳастанд, натоиҷи онҳо на қатъӣ ҳастанд ва на куллӣ. Масалан, ин масъала, ки “об дар 100 дараҷа меҷӯшад”, ин масъала мисли 5 зарби 6, 30 нест, ки қатъӣ ва куллӣ бошад. Дар ин гуна масоил, шумо фақат дар мавориде бо қатъият мегӯед, ки таҷриба карда бошед, на ки куллият бидиҳед ва бигӯед, ки “тамоми обҳои олам дар ҳар макон ва ҳар замоне ҳатто 1000 соли дигар, чунин ҳастанд”.
Ва агар назарияпардозони улуми таҷрибӣ, масоили улуми таҷрибиро дар қолиби як қонун ва ба истилоҳ як формула баён мекунанд ва мегӯянд, ки “об дар 100 дараҷа меҷӯшад” – ки зоҳираш қатъият ва куллият медиҳад – аммо худи соҳибони улум таваҷҷӯҳ доранд, ки ин қолибҳо мусомиҳа дар таъбир аст, як маҷоз аст ба истилоҳ, на ин ки масоили яқинӣ ва қатъӣ бошанд мисли масоили математикӣ.
Ҳоло расидем ба асли матлаб, ки дар ёддошти баъдӣ арз хоҳам кард.
Идома дорад…
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: