Тағйири ривояти Амрико дар бораи дахолатҳои хориҷӣ ва ҳамлаҳои низомӣ ба кишварҳо

Тағйири ривояти Амрико дар бораи дахолатҳои хориҷӣ ва ҳамлаҳои низомӣ ба кишварҳо

Ахбори байналмилал

Сиёвуши Ардалон: Тағйири ривояти Амрико дар бораи дахолатҳо

Сиёвуши Ардалон, хабарнигори бахши форсии BBC, дар шарҳи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида изҳор дошт, ки ривояти расмии Амрико дар бораи дахолатҳои хориҷӣ бо гузашти замон тағйир ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта Амрико дахолатҳои низомии худро бо шиорҳои ҳимоят аз демократия ва ҳуқуқи башар тавҷеҳ мекард, аммо мунтақидон бар ин бовар буданд, ки ҳадафи аслӣ баҳрабардорӣ аз манобеи табиии кишварҳои дигар будааст.

Ардалон таъкид кард, ки имрӯз баръакс, худи Амрико ошкоро эълон мекунад, ки ҳадафаш аз бархе иқдомҳо дастрасӣ ва баҳрабардорӣ аз манобеи табиии кишварҳои мавриди назар аст, аммо дар айни замон бархе афррод ва гурӯҳҳо ҳамоно исрор доранд, ки ангезаи аслии ин сиёсатҳо дифоъ аз демократия ва ҳуқуқи башар мебошад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки баҳсҳо дар бораи ангезаҳои воқеии сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчунон идома доранд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздошти боз як шаҳрванди исроилӣ барои ҷосусӣ ба нафъи Эрон
Рубио: ИМА иҷоза намедиҳад захираҳои нафтии Венесуэла ба дасти рақибонаш биафтад

Матолиби пурбоздид