Таҳдиди Чин

Таҳлили хабарӣ

Таҳдиди Чин

Таҳдиди Чин; оё ҷиддӣ аст?

Меҳмоншо Шарифов

Имруз зиёд аз таҳдиди Чин ба мамлакатҳои Осиёи марказӣ ҳарф мезананд…Вале, воқеъият дар ин сарзамин мураккабтар аз он аст, ки танҳо дар бораи “таҳдиди Чин” гуфта бошем.

Аз як тараф, имруз Тоҷикистон бо Чин танҳо марз надорад, балки дар марзи (frontier) густариши манифатҳои Чин ҷойгир аст. Дар забони англисӣ калимаи frontier аз калимаи border (сарҳад, марз) то ҷое фарқ дорад. Барои як давлати мустақил ин худ як фазои таҳдид аст.

Аз тарафи дигар, Тоҷикистон давлатест, ки дар марзҳои муаяншуда аз давраи истеъморӣ ва солҳои бистум ва сиюми шуравӣ, вуҷуд дорад ва ин давлат баъди пош хурдани Шӯравӣ дигар субъекти фаъол, бозарфият ва соҳибихтиёр набуд ва нест то бо такя ба мардуми худ сарҳадҳои худро боздид ва истиқлоли худро воқеан барқарор мекард, ки накард. Ин гуна давлатҳои пасоистеъмориро марзҳо муаян мекунанд, на давлат марзҳоро. Яъне таҳдидҳо ба ин мамлакат ҳам аз берун ва ҳам аз дарун вуҷуд доранд. Ва асли таҳдид дар дохили ин мамлакат аз ҳукумати хусусишуда (соягӣ) аст.

Ин аст, ки вазъияти Тоҷикистонро дар ин авҷу мавҷи ҳодиcаҳои охир, ки гузаштанд ва доранд мегузаранд вазъи дохилии ин давлат, ки чи гуна давлат аст муаян мекунанд ва баъд аз он бозиҳои абарқудратҳо дар ин минтақа. Таҳдидҳои Чинро дидем, ки чи гуна ин ҳукумати хусусишуда, қисмате аз заминҳои Бадaхшонро фурухтанд ва қисмате аз заминҳоро барои Чиниҳо доданд то қароргоҳи ҳарбии марзӣ сохта бошанд…

Гузашта аз ин, абарқудратҳо, масалан Чин, бо зери таъсири худ нигоҳ доштани низомҳои сиёсии минтақа ва гуруҳҳои тундрави динӣ — ҳарбии ин минтақа, сарчашмаҳои хушунат ва таҳдидро ҳам дар дасти худ нигоҳ доштаанд.

Бозиҳо ва воқеаҳои солҳои охир, ки дар минтақа гузаштанд ин чизро боз ҳам равшантар карданд ва дидем, ки Чин, Руссия ва Ирон бо ҳар роҳе, ки набошад мавқеи Ғарб ва Амрикоро дар минтақа танг карданӣ буданд ва дар ин роҳ бо худи шайтон ҳам шартнома метавонанд бастан. Ин аст, ки ин бозингарони аслӣ аз ҳар ду тараф ба табиати низомҳо, ки чи қадар ҷоҳил, фасодзада ва золиманд кам диққат медиҳанд ва муҳим, ки ба манфиати онҳо дар минтақа коре карда бошанд. …

Албатта, Штатҳои Муттаҳида бо муттаҳидонаш дар ин роҳи мусобиқа ва мубориза бо Чин, Руссия ва Ирон, бо давлатҳои Осиёи Маркази корҳоеро роҳандози карда буданд. Ба хусус амали онҳоро ба таври равшан дар кори Бунёди Корнегӣ барои Сулҳи Байналхалқӣ дидан мумкин аст, ки аз аввали ин садсола боз кушиши амалӣ кардани тарҳи Роҳи Абрешими худро дар Осиёи Марказӣ доштанд то ба Тарҳи Чинии Ибтикори Камарбанд ва Роҳи Абрешим (Belt and Road Initiative) муқобилият карда тавонанд.

Яке аз мудирони ин ниҳод, Марта Брилл Олкотт, ки муаллифи китобҳои зиёде дар бораи Давлaтҳои Осиёи Марказӣ аст кушишҳои зиёде дар ин роҳ кард, вале, чунон ки шоҳидем Штаҳои Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар минтақа муваффақ нашуданд. Онҳо кушише доштанд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо бозори фуруши колоӣ чинӣ ва ё макони ашёи хом барои саноати Чин набошанд, балки истеҳсолооти мустақили худро ба роҳ монда бошанд. Акнун Амрико бо тарафдоронаш пеш аз он ки ошкоро бо Чин дар муқовимати руйорӯйи бошанд танҳо бо Руссия машғуланд , то ‘кори хирсро тамом карда бошанд’…

Дар Тоҷикистон ин ҳамаро дигаргуна, ба манфиати низоми худкома, шарҳу тафсир мекунанд. Бисёриҳо, як чизро дарк накардаанд, ки Тоҷикистон барвақт боз дар ҳамин вазъи фарҳанги — сиёсӣ ҳаст, ки имруз Афғонистонро расониданд.

Бешак он чи дар Афғонистон гузашт ҷуз кудетои сиёсӣ, ки Покистон бо дастгирии Чин ва дигар қудратҳои минтақа, Руссия ва Ирон ташкил карданд, набуд. Бояд гуфт, ки агар ҳадафи Руссия ва Ирон дар ин кор бештар аз минтақа берун кардани Амрико бошад, Чин ва Покистон танҳо ҳадафи иқтисоди — сиёсӣ доранд. Ҳадафи ин давлатҳо аз ба қудрат овардани Толибони аз ҳама ҷиҳат бараҳна ташкили ягон системаи сиёсӣ нест, ва худи Толибон ҳам фарсахҳо аз сиёсат ва давлатдорӣ дуранд, балки ҳадафи ин бозингарон Афғонистонро чун давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, ба макони ашёи хом табдил додан аст.

З — ин рӯ ин абарқудратҳо дар Роҳи Абрешим низомҳои диктатурӣ ва ҳаракатҳое мехоҳанд, ки ин мардумро аз истиқлол, аз давлатдорӣ ва сиёсат дур нигоҳ дошта бошанд ва аз онҳо чун мошинаи ҷангӣ муқобили мардуми худашон истифода кунанд…

Ин ҷо як нуктаи дигарро ҳам бояд гуфт, ки вақте сухан аз таҳдид ба Тоҷикистон меравад бояд муайян кард, ки ‘таҳдид ба ки’, зеро дар Тоҷикистон, чунон ки дар боло қайд кардем, давлат (ҳукумат) хусусишуда аст ва аз мардум ҷудост. Имруз дар ин фазои хушунат, фасод ва клептократи (дуздӣ) таҳдид аз ин ҳукуматдорони фасодзада ба давлатдорӣ ва ба мардум зиёдтар аст, ки аз Чин…

Воқеъаҳои Бадахшон дар соли 2021 – 2022 давоми мантиқии ин рӯйдодҳоянд ва ин хушунату кушторҳо на танҳо аз табиати ҳукумати золими Тоҷикистон ва бешак бо фатво ва дастгирии абарқудратҳо сурат гирифтааст. Кушиши ба пурраги аз байн бурдани ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон ва фишор ба ниҳодҳои аълоҳазрат Оқохон аз он шаҳодат медиҳанд ки ҳукумати Тоҷикистон ва бозингарони беруна инкишофи ин минтақа ва умуман Тоҷикистонро намехоҳанд.

Ашраф Ғанӣ бо он ки як коршиноси “давлатҳои номуваффақ” буд, мамлакатро таслими Толибон ва Чин кард ва ки метавонад гуфтан, ки ҳукумати хусусишуда ва фасодзадаи Тоҷикистон, ки имрӯз мамлакатро таслими Руссия ва Чин кардааст, боз онро ба дигарон намефурушад ва ё ин ки қудратмандони минтақа, ин ҳукумати хусусишуда, фасодзада ва клептократиро ба ҳаракате ҷоҳилтар аз толибон ва ё гуруҳе фосидтар аз қавми имрӯз дар ҳукумат буда иваз накунанд…

facebook

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – II
Посухи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ

Матолиби пурбоздид