Таҳсили рӯзии ҳалол
Сабки зиндагӣ
Имом Содиқ алайҳис-салом ҷомаи коргарӣ бар тан ва бел дар даст дошт ва дар бӯстони хеш саргарм буд. Чунон фаъолият карда буд, ки саропояшро арақ гирифта буд.
Дар ин ҳол, Абӯамри Шайбонӣ ворид шуд ва Имомро дар он таабу ранҷ мушоҳида кард. Пеши худ гуфт, шояд иллати ин ки Имом шахсан бел ба даст гирифта ва мутасаддии ин кор шуда ин аст, ки касе дигар набуда ва аз рӯи ночорӣ худаш даст ба кор шуда. Наздиктар омад ва арз кард:
— Ин белро ба ман бидиҳед, ман анҷом медиҳам.
Имом фармуд:
— На, ман асосан дӯст дорам, ки мард барои таҳсили рӯзӣ ранҷ бикашад ва офтоб бихӯрад.
(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)
Қаламонлайн
qalamonline.net













