Таҳқире аз ин бадтар намешавад

Таҳлили хабарӣ

Таҳқире аз ин бадтар намешавад

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯзҳо, Натонёҳу ва куллан сарони режими Исроил, аз сӯйи касоне таҳқир мешаванд, ки як замон дастнишондаи онҳо буданд; бардаи онҳо буданд. Ва ҳамаи ин ба баракати “Тӯфон ал-Ақсо” аст. Имрӯз, режими Исроил дигар он режими эрка ва қулдуре нест, ки ҳама аз он биҳаросанд ва рӯяш ҳисоб кунанд, балки як режими таҳқиршуда ва хору залил аст, ки дар назди ҳамагон ба як мавҷуди масхара табдил гашта.

Бибинед, Абдуллоҳ бен Зоид, вазири хориҷаи Аморот, ки ҳамакораи Аморот аст, чӣ мегӯяд:

“Изҳороти Натонёҳу, нахуствазири Исроил мабнӣ бар даъват аз Аморот барои мушорикат дар мудирияти шаҳрии навори Ғаззаи таҳти ишғоли Исроилро маҳкум мекунем.

Натонёҳу ҳеч гуна машрӯияте надорад, ки ба ӯ иҷоза диҳад, ки чунин гоме (идораи шаҳрии навори Ғазза)-ро иттихоз кунад. Ва ҳамчунин, Аморот ҳамроҳӣ бо ҳар гуна нақшае ба манзури таъмини чатри ҳимоятӣ барои ҳузури Исроил дар навори Ғаззаро намепазирад.

Аморот таъкид мекунад, ки ҳар гоҳ давлати фаластинӣ ташкил шавад, ки умедҳо ва интизороти миллати Фаластинро бароварда ва аз саломат, коромадӣ ва истиқлол бархӯрдор бошад, он гоҳ Аморот барои ироаи ҳар гуна ҳимояте аз ин давлат омодагии комил хоҳад дошт.”

Гуфтанист, Натонёҳу чанде пеш, дар суханоне дар бораи идораи Ғазза баъд аз ҷанг, гуфта буд: “Ба назари ман, бо кӯмаки Аморот ва Арабистони Саудӣ ва соири кишварҳо як идораи шаҳрӣ дар Ғазза ташкил шавад.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аморот даъвати Натонёҳуро рад кард
Ҳимояти аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал

Матолиби пурбоздид