Тозагию покизагӣ

Тозагию покизагӣ

Назофат ва покизагӣ дар ислом

Яке аз масоиле, ки ислом аҳаммияте фавқулода барои он қоил аст, масъалаи назофат ва покизагӣ аст, ба ҳадде ки Паёмбари Акрам (с) дар ривояте — ки Тирмизӣ дар Сунани худ нақл кардааст – фармуда:

إِنَّ اللَّهَ طَيِّبٌ يُحِبُّ الطَّيِّبَ نَظِيفٌ يُحِبُّ النَّظَافَةَ

“Худованд пок аст ва шахси покро дӯст дорад, покиза аст ва покизагиро дӯст дорад…”

(Сунани Тирмизӣ, 9/488, Ашшомила)

Аз назари ислом, покизагии зоҳири инсон бо покии руҳи ӯ пайванде амиқ дорад, ҳамон гуна ки ҷамоли зоҳири инсон ҳикоят аз ҷамоли ботини ӯ мекунад. Дар ривояте — ки Табаронӣ дар Муъҷам овардааст – ҳазраташ (с) мефармояд:

طَهِّرُوا هَذِهِ الْأَجْسَادَ طَهَّرَكُمُ اللهُ، فَإِنَّهُ لَيْسَ عَبْدٌ يَبِيتُ طَاهِرًا إِلَّا بَاتَ مَعَهُ مَلَكٌ فِي شِعَارِهِ لَا يَنْقَلِبُ سَاعَةً مِنَ اللَّيْلِ إِلَّا قَالَ: اللهُمَّ اغْفِرْ لِعَبْدِكَ فَإِنَّهُ بَاتَ طَاهِرًا

“Ин баданҳоро покиза созед, (то) Худованд (руҳи) шуморо покиза гардонад; зеро ҳеч бандае нест, ки шаб бо бадане покиза бихобад, магар ин ки фариштае дар миёни ҷомаи ӯ бо вай мехобад. Ва ҳеч соате аз шаб аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ намечархад, магар ин ки он фаришта гӯяд: Худоё! Бандаатро биёмурз, зеро ки бо бадане покиза хобидааст.”

(Алмуъҷамул-кабир, 12/446, Ашшомила)

Асосан, Паёмбари Акрам (с) худ намунаи покӣ ва назофат буд. Дар ҳангоми мулоқот бо ӯ, аввалин вижагие, ки чашму дили ҳар бинандаро навозиш медод, оростагӣ, покӣ ва зебоии зоҳири он ҳазрат (с) буд. Бухорӣ дар ривояте аз Анас (р) нақл мекунад:

مَا مَسِسْتُ حَرِيرًا وَلَا دِيبَاجًا أَلْيَنَ مِنْ كَفِّ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلَا شَمِمْتُ رِيحًا قَطُّ أَوْ عَرْفًا قَطُّ أَطْيَبَ مِنْ رِيحِ أَوْ عَرْفِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ

“Ҳеч абрешим ва дибоеро ламс накардаам, ки нармтар аз кафи дастони Паёмбар (с) бошад. Ва ҳаргиз ҳеч бӯйеро набӯидаам, ки хушбӯйтар аз бӯйи Паёмбар (с) бошад.”

(Саҳеҳи Бухорӣ, 9/89, Ашшомила)

Ибни Абӯшайба дар Мусннафи худ овардааст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд:

اسْتَاكُوا وَتَنَظَّفُوا وَأَوْتِرُوا فَإِنَّ اللَّهَ وِتْرٌ يُحِبُّ الْوِتْرَ

“Мисвок бизанед (яъне дандонҳоятонро бишӯед) ва худро покиза намоед, ва ин аъмолро (яъне мисвок задан ва покиза кардани худро) ба сурати тоқ (як бор ё се бор) анҷом диҳед, ки Худо тоқ аст, ва тоқро дӯст дорад.”

(Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 1/171, Ашшомила)

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) решаи покиза буданро дар фитрат ва сиришти одамизод нуҳуфта медонад. Ибни Моҷа дар Сунани худ аз он ҳазрат (с) овардааст:

عَشْرٌ مِنْ الْفِطْرَةِ قَصُّ الشَّارِبِ وَإِعْفَاءُ اللِّحْيَةِ وَالسِّوَاكُ وَالِاسْتِنْشَاقُ بِالْمَاءِ وَقَصُّ الْأَظْفَارِ وَغَسْلُ الْبَرَاجِمِ وَنَتْفُ الْإِبِطِ وَحَلْقُ الْعَانَةِ وَانْتِقَاصُ الْمَاءِ يَعْنِي الِاسْتِنْجَاءَ. قَالَ زَكَرِيَّا: قَالَ مُصْعَبٌ: وَنَسِيتُ الْعَاشِرَةَ إِلَّا أَنْ تَكُونَ الْمَضْمَضَةَ

“Даҳ чиз реша дар фитрат (ва сиришти одамизод) дорад:

  1. кӯтоҳ кардани мӯйлаб;
  2. дароз кардани риш;
  3. мисвок задан;
  4. истиншоқ ба об (биниро ба об тоза кардан);
  5. қайчӣ кардани нохун;
  6. шустани мафосили ангуштон (яъне байни ангуштон);
  7. кандани мӯйҳои зери бағал;
  8. тарошидани мӯйи зери ноф;
  9. истинҷо (яъне покиза кардани пасу пеш баъд аз идрор ва ё бавл)

Закариё (ровии ин ҳадис) мегӯяд: Мисъаб гуфт, даҳумаш фаромӯшам шуд, ки ба назарам, мазмаза буд (яъне ба об тоза кардани даҳон).”

(Сунани Ибни Моҷа, 1/346, Ашшомила)

Паёмбари Худо (с) вақте мардеро дид, ки мӯйҳое жӯлида ва ҷомае чиркин ва сару вазъе номураттаб дошт, фармуд:

مِن الدِّينِ المُتعَةُ وإظهارُ النِّعمَةِ

“Истифода аз неъматҳои Худо ва ошкор сохтани неъмат ҷузъи дин аст.”

(Мизонул-ҳикма, ҷузъи 12, боби ташвиқ ба покизагӣ)

Абӯдовуд дар Сунани худ ин ҳадисро нақл мекунад, ки:

أَتَانَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَرَأَى رَجُلًا شَعِثًا قَدْ تَفَرَّقَ شَعْرُهُ فَقَالَ أَمَا كَانَ يَجِدُ هَذَا مَا يُسَكِّنُ بِهِ شَعْرَهُ وَرَأَى رَجُلًا آخَرَ وَعَلْيِهِ ثِيَابٌ وَسِخَةٌ فَقَالَ أَمَا كَانَ هَذَا يَجِدُ مَاءً يَغْسِلُ بِهِ ثَوْبَهُ

“Расули Худо (с) назди мо омад ва чашмаш ба марде афтод, ки мӯйҳояш жӯлида ва дарҳам буд, фармуд: оё ин мард чизе пайдо накарда, ки ба василаи он мӯйҳои худро мураттаб кунад?! Ва марди дигареро дид, ки либосҳои чиркин ба тан дошт, фармуд: оё ин мард обе пайдо накарда, ки бо он либосашро бишӯяд?!

(Сунани Абӯдовуд, 11/88, Ашшомила)

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар покиза нигаҳ доштани муҳити зист низ аҳаммияти фаровоне қоил буд, мефармояд:

لا تُبَيِّتوا القُمامَةَ في بُيوتِكُم وأخرِجوها نَهارا فإنّها مَقعَدُ الشَّيطانِ

“Зуболаро шаб дар хонаҳои худ нигаҳ надоред ва онро дар рӯз ба берун аз хона (ва дар зуболадон) мунтақил кунед; зеро зубола ҷойгоҳи шайтон аст.”

(Мизон-ул-ҳикма, ҷузъи 12, боби ташвиқ ба покизагӣ)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳатҳои як диктотур ва ҳокими худкома ба писараш
Ҳарфи некӯ бизан, ё сукут кун

Матолиби пурбоздид