Тоҷикистон; масири сисолаи истиқлол

Тоҷикистон; масири сисолаи истиқлол

Тоҷикистон

Тавре ки бар ҳамагон рӯшан аст, дар поёни асри бистум, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ бо тағйироти сиёсии ҷиддӣ рӯбарӯ шуданд, ки дар натиҷаи он давлати қудратманди Шӯравӣ фурӯ пошид ва кишварҳои сотсиалистӣ мустақил шуданд ва истиқлоли худро расман эъон намуданд.

Ин сарнавишт бар сари Тоҷикистон низ омад. Тоҷикистон ба ҳамроҳи дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ дар 9-сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълом кард ва ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохта шуд. Дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ин интиқол ба роҳатӣ ва бидуни ҳеҷ гуна даргирӣ ва ба равиши музокира анҷом шуд. Аммо дар Тоҷикистон, ин таҳаввули иҷтимоӣ-сиёсӣ бо роҳи гуфтугӯи сиёсӣ натавонист роҳи ҳалли худро пайдо кунад ва ба даргириҳои шадиди сиёсӣ мунҷар шуд. Дар ниҳоят, ин даргириҳо, боиси ҷанги дохилӣ дар кишвар шуд ва вайрониҳои зиёдеро бар мардуми кишвар таҳмил кард.

Аз 16-ноябри соли 1992 то 2-юми октябр, иҷлоси шонздаҳӯми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замони ҷанг, дар Тоҷикистон кори худро оғоз кард.

Интихоби раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳимми сессияи  шонздаҳум мебошад. Дар 19-ноябри соли 1992 ин мавзуъ мавриди баҳс қарор гирифт ва Эмомалӣ Раҳмонов раиси собиқи вилояти Кӯлоб, барои раёсати Шӯрои олӣ муаррифӣ шуд.

Аз маҷмуи 222 намояндаи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 197 намоянда дар ҷаласаи шонздаҳум ширкат карданд. Аз ин теъдод 186 намояндаи Шӯрои олӣ ба номзади мазкур раъйи мусбат доданд ва Эмомалӣ  Раҳмоновро ба унвони раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд.

Дар ҳамин робита, ozodi.org матлабе интишор карда ва сӣ соли истиқлоли ҷумҳуриро дар қолаби фаъолияти ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ба таҳрир дароварда ва қазовату довариро ба хонанда вогузор кардааст.

Дар идома матолиби Озодиро феҳраствор зикр намуда ва доварӣ ва натиҷагириро ба мухотабони азизи Қаламонлайн вогузор хоҳем намуд.

Ҷанги дохилӣ ва созиши сулҳ.

Баргардондани гурезаҳо аз Афғонистон.

Аз саргирии сохтмони Роғун.

Додани як пора замин ба Чин.

Ҳазфи калимаи форсӣ аз Қонуни забон.

Садоқати шахсӣ, на шоистасолорӣ.

Ислоҳи паиҳами қонуни асосӣ.

Тасвиби Қонуни пешвои миллат.

Имтиёз ва рушди ширкатҳои «худӣ».

Саркӯби мухолифон ва фармондеҳон.

Мансабҳои баланди фарзандон ва наздикон.

Бекорӣ ва муҳоҷират.

Вогузор кардани конҳои тилло ба Чин.

Ба ширкати IRS вогузор кардани роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ.

Фирори мағзҳо.

Маҳдудияти озодиҳо.

То 2042 мондани пойгоҳи низомии Русия.

Нобуд кардани раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон.

Сохтмони Анзоб.

Гоҳе душманӣ ва гоҳе дӯстӣ бо Узбекистон.

Даргириҳо дар марзи Қирғизистон.

Мушкилоти барқ.

Либоси ягона ва манъи ҳиҷобу риш.

Поин овардани фақр то марзи 26 дарсад.

Боло бурдани мақоми зан.

Бекор кардани ҳукми қатл дарТоҷикистон.

Сомониён ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ.

Барҷаста кардани иди кадуву асал…

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман омодаи бастани Боб ал-Мандаб
Ҳукумати сулолаи тоҳириён

Матолиби пурбоздид