Тромп: Агар Амрико намебуд, имрӯз Исроил вуҷуд надошт!

Тромп: Агар Амрико намебуд, имрӯз Исроиле вуҷуд надошт!

Ахбори байналмилал

Тромп дар дидор бо Нетаняҳу: Агар Амрико намебуд, имрӯз Исроиле вуҷуд надошт

Вашингтон — Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Тромп дар ҷараёни дидор бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз кӯмакҳои густурдаи Вашингтон ба Телавив ёдовар шуда, таъкид кард, ки нақши Амрико дар бақо ва пойдории Исроил ҳалкунанда будааст.

Доналд Тромп дар ин дидор изҳор дошт:
«Мо кӯмакҳои зиёде ба Исроил анҷом додем. Росташро бигӯем, агар Амрико намебуд, имрӯз Исроили зиндае вуҷуд надошт».

Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ҳамеша дар канори Исроил қарор дошта, дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии Вашингтон нақши муҳимме дар таъмини амният ва устувории ин кишвар ифо кардааст.

Ин изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки равобити ИМА ва Исроил ҳамчун яке аз меҳварҳои асосии сиёсати Ховари Миёна боқӣ монда, мавқеи Вашингтон дар таҳаввулоти минтақа ҳамчунон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мутаҳҳарӣ: Худошиносӣ пояи ҳақиқии ҳастии инсон аст
Вокуниши Пизишкиён ба таҳдидҳои Тромп

Матолиби пурбоздид