Тромп аз Русия хост бо Украина созиш кунад
Байналмилал
Раиси ҷумҳури Амрико, аз ҳамтои русаш Владимир Путин мехоҳад, ки аз ҳамла даст кашида, ба созиши хатми ҷанг дар Украина розӣ шавад.
Изҳороти Трамп 27-уми апрел ва баъд аз як рӯзи мулоқоти рӯ ба рӯяш бо Владимир Зеленский, президенти Украина, дар ҳошияи маросими дафни раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Ватикан, садо дод.
“Мехоҳам, ки ӯ (Путин) зарба заданро мутаваққиф кунад ва созишро имзо кунад,” – афзуд ӯ.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, мулоқоташ бо Зеленский дар рӯзи 26-уми апрел хуб гузашт, аммо вай афзуд, фикр мекунад, ки Зеленский омода аст нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украинаро ба Русия вогузор кунад. Мавзӯе, ки раҳбари Украина борҳо рад кардааст.
Мулоқоти Доналд Тромп бо Зеленский рӯзи 26-уми апрел дар Ватикан тақрибан понздаҳ дақиқа давом кард. Ин мулоқоти аввалини онҳо пас аз баҳси лафзии ду тараф дар моҳи феврал дар Кохи Сафед буд.
“Ман (Зеленскийро) оромтар мебинам,” — гуфт Тромп ва афзуд, “фикр мекунам, ки ӯ вазъро дарк мекунад ва ба фикрам, мехоҳад, созиш кунад.”
radio.ozodi
Қаламонлайн