Тромп: «Ҷулонӣ шарики мутааҳҳиди мост»
Ахбори байналмилал
Доналд Тромп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар изҳороти тоза гуфтааст, ки Ҷулонӣ «шарики мутааҳҳиди мо мебошад ва метавонад дар нобуд сохтани режими исломии Эрон нақши муҳим бозад».
Ба гуфтаи ӯ, «ҳамкорӣ бо Ҷулонӣ метавонад тавозуни қудратро дар минтақа дигар кунад».
Ҳамзамон Том Барак, намояндаи махсуси Тромп барои парвандаҳои Лубнон ва Сурия, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст, ки «Ҷулонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мо дар нобудии Доиш, Ҳаммос, Ҳизбуллоҳ ва Сипоҳи Қудс баён кардааст».
Ин изҳорот дар шароити афзоиши танишҳои минтақавӣ матраҳ мешаванд ва то кунун мақомоти Димишқ ва дигар ниҳодҳои расмии минтақа ба он вокуниш нишон надодаанд.
qalamonline.net
Қаламонлайн













