Туркия сафири худро аз Телавив фаро хонд
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Вазорати хориҷаи Туркия эълом кард, сафири ин кишвар дар Телавив барои ройзанӣ дар ҷараёни таҳаввулот дар навори Ғазза ба Онқоро фаро хонда шуд.
Ба гузориши Алҷазира, Вазорати хориҷаи Туркия эълом кард, дар пайи идомаи ҳамалоти Исроил алайҳи ғайринизомиён ва таваҷҷӯҳ накардан ба дархостҳо барои оташбас дар Ғазза, сафири Туркия дар Телавив барои ройзанӣ ба Онқоро фаро хонда шуд.
Туркия тасмими худ дар бораи фаро хондани сафираш дар эътироз ба куштори режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро дар остонаи сафари Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико ба Онқоро эълом кард. Вазири хориҷаи Омрико, ки ба сарзаминҳои ишғолӣ ва Ӯрдун сафар карда, қасд дорад рӯзи душанбе барои гуфтугӯ бо мақомҳои Туркия дар бораи таҳаввулоти минтақа, вориди Онқоро шавад.
Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо баёни ин ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ҳатто ҳимояти сокинони Фаластини ишғолиро ҳам аз даст дода, гуфта буд, Натонёҳу дигар касе нест, ки битавонем бо ӯ сӯҳбат кунем, ӯро канор гузоштаем.
Аljazeera
Қаламонлайн