“Фабрикаи ҷавоб” ба сабки режими Исроил

“Фабрикаи ҷавоб” ба сабки режими Исроил

Ахбори байналмилал

Режими Исроил ба таври махфиёна қонунгузорони омрикоиро бо як корзори интернетӣ дар бораи ҷанги Ғазза, ҳадаф қарор медиҳад.

Рӯзномаи New York Times фош кард, ки Вазорати умури диаспораи Исроил дастури ин амалиётро билофосила пас аз оғози ҷанги Ғазза содир кард, ки дар он, аз ҳисобҳои ҷаълӣ (сафҳаҳои корбарии дурӯғин)-и расонаҳои иҷтимоӣ истифода шуд ва қонунгузорони омрикоиро барои таъмини будҷаи артиши Исроил таҳти фишор қарор доданд.

New York Times навишт:

Исроил соли гузашта як корзори нуфузи интернетиро созмондиҳӣ ва ҳазинаи онро пардохт кард, ки қонунгузорон ва мардуми Омрикоро бо паёмҳои тарафдори Исроил ҳадаф қарор дод; ва ҳадафи ин корзор ҷалби ҳимоят аз иқдомоти худ дар ҷанг бо Ғазза буд.

4 мақоми исроилӣ гуфтанд, ки ин корзори махфӣ ба супориши Вазорати умури диаспораи Исроил – як ниҳоди давлатӣ, ки яҳудиёни саросари ҷаҳонро бо кишвари Исроил муртабит мекунад – анҷом шуд. Ба гуфтаи мақомот ва аснод, ин вазоратхона ҳудуди 2 миллион доллар ба ин амалиёт ихтисос дод ва як ширкати бозорёбии сиёсӣ дар Телавив таҳти унвони Stoic-ро барои иҷрои он истихдом кард.

Ин кампин дар октябри 2023 оғоз шуд ва ҳамчунон дар шабакаи Х (Твиттери собиқ) фаъол аст. Ин корзори интернетӣ дар авҷи худ, аз садҳо ҳисоби ҷаълӣ, ки дар Х, Фейсбук ва Инстогромм худро ба унвони омрикоии воқеӣ нишон медоданд, барои ирсоли назароти ҳомии Исроил истифода кардааст.

Ин ҳисобҳо бар қонунгузорони омрикоӣ, бавежа онҳое, ки рангинпӯст ва демукрот ҳастанд, монанди Ҳаким Ҷеффрис, раҳбари ақаллияти Маҷлиси намояндагон аз Ню-йорк ва сенотур Рафаэл Уорнок аз Ҷурҷиё, бо постҳое, ки аз онҳо мехоҳад ба таъмини молии артиши Исроил идома диҳанд, мутамаркиз шудааст.

Дар ин корзор аз роботи ҳуши маснуъии ChatGPT, барои эҷоди бисёре аз постҳо истифода шуд. Ин корзор ҳамчунин 3 сойти хабарии ҷаълӣ ба забони ангилисӣ эҷод кард, ки ҳовии мақолот ва муҳтавоҳои ҳомии Исроил буд.

Ин корзори махфиёна нишон медиҳад, ки Исроил то чӣ мизон моил ба таъсиргузорӣ бар сиёсати Омрико дар қиболи ҷанги Ғазза аст. Иёлоти Муттаҳида аз дербоз яке аз сарсахттарин муттаҳидони Исроил будааст ва раисиҷумҳур Бойден ахиран бастаи кӯмаки низомии 15 миллиард доллариро барои ин кишвар имзо кардааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти марди кафшдӯз
Мақомоти исроилӣ: “Ҷанги тамомаёре бо Ҳизбуллоҳ дар роҳ аст”

Матолиби пурбоздид