Фазилати донишомӯзӣ
Сабки зиндагӣ
Расули Акрам(с) фармудаанд:
“Ҷӯяндаи дониш дар паноҳи инояти Худованд аст”.
***
Осори амали ноогоҳона ва бидуни илм
Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:
“Ҳар кас бидуни шинохт ва дониш кореро анҷом диҳад, харобкории ӯ бештар аст то ончи сомон медиҳад”.
***
Камоли дин
Аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст:
“Эй мардум, бидонед, ки камоли дин дар омӯхтани дониш ва амал кардан ба он аст. Огоҳ бошед, ки донишомӯзӣ бар шумо фарзтар аз касби мол аст”.
***
Фазилати олим
Аз Имом Боқир(а) нақл шудааст: “Олиме, ки аз илми ӯ баҳра баранд, аз ҳафтод ҳазор обид бартар аст”.
***
Арзиши илм
Дар ривояте аз Имом Содиқ(а) дар мавриди арзиши илм нақл шудааст: “Ё донишманд бош, ё доноишҷӯ, ё дӯстдори донишмандон. Ва душмани дониш ва аҳли он мабош, ки ҳалок шавӣ!”
Қаламонлайн