Фалсафаи ахлоқ – YII

Фалсафаи ахлоқ YII

Фалсафаи ахлоқ

Бахши ҳафтум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

خُذِ الْعَفْوَ وَأْمُرْ بِالْعُرْفِ وَأَعْرِضْ عَنِ الْجَاهِلِينَ

(Аъроф/199) Иҷмолан ин матлабро зикр кардем, ки афъоли инсон ду гунаанд: як гуна, афъоли табиӣ ва оддӣ ва маъмулӣ, ки шоистаи ситоиш, офарин гуфтан ва қаҳрамонона шинохтан нест. Ва гунаи дигар, корҳое, ки инсонҳо он корҳоро қобили ситоиш медонанд ва кунандаи он корҳоро таҳсин мекунанд ва онҳоро ба навъе қаҳрамон мешиносанд ва мо инҳоро корҳои ахлоқӣ меномем.

Расидем ба инҷо, ки рамзи ахлоқӣ будан чист? Як кор чӣ гуна ва ба чӣ ҷиҳат ранги ахлоқӣ пайдо мекунад ва бо афъоли табиӣ тамоюз пайдо менамояд? Ба таъбири дигар, меъёр ва миқёси ахлоқӣ будан чист? Дар инҷо назарияҳои гуногуне вуҷуд дорад, ки мо ин назарияҳоро ибтидо нақл мекунем ва баъд нақду баррасӣ. Кадом як аз ин назариёт саҳеҳ аст, кадом носаҳеҳ? Ва ё як назария мумкин аст қисмате аз он саҳеҳ бошад ва қисмате носаҳеҳ.

Назарияи отифӣ

Яке аз назариёт дар бораи милоки ахлоқӣ будан, ки аз қадимтарин назариёт аст, назарияи отифӣ аст. Гурӯҳе рамзи ахлоқӣ буданро дар авотифи башар медонанд; мегӯянд: кори оддӣ ва маъмулӣ коре аст, ки аз ангезаҳои худхоҳона ва майлҳои табиии инсон сарчашма бигирад ва ҳадаф аз он кор ҳам, расондани суде ба худ ва ё расидани худи шахс ба лаззате бошад. Ҳар кор, ки аз чунин майлҳое сарчашма бигирад ва барои чунин ҳадафҳое бошад, кори оддӣ ва маъмулӣ аст ва ахлоқӣ нест, мисли аксари корҳое, ки мардум анҷом медиҳанд. Як нафар коргар, ки субҳ ба дунболи кор меравад, барои ин ки музде бигирад ва бо он музд ҳазинаи зиндагии худашро таъмин бикунад, кори ӯ як кори маъмулӣ ва оддӣ аст. Ҳамчунин кори як корманд, ки шуғли идорӣ дорад ё дар ширкате кор мекунад ва ё кори як бозаргон, ки дунболи тиҷорат ва суд меравад, то он ҷо, ки марбут ба шахси худаш ва зиндагии худаш аст ва аз як майл, ки марбут ба шахси худаш аст ношӣ мешавад ва ҳадаф лаззате аст, ки ба худаш бирасад ё дафъи ранҷе аст, ки аз худаш бишавад (мисли муроҷеаи инсон ба пизишк, ки барои дафъи ранҷ ё дафъи хатаре аст, ки аз худаш мешавад), як кори табиӣ аст. Кори ахлоқӣ коре аст, ки аз отифае олитар аз тамоюлоти фардӣ, яъне отифаи ғайрдӯстӣ сарчашма мегирад. Корҳои ахлоқии инсонҳо корҳое аст (ношӣ аз ин) ки он инсонҳо ғайрро ҳам дӯст медоранд, яъне танҳо худашонро дӯст надоранд, ба сарнавишти дигарон ҳам монанди сарнавишти худашон алоқаманд ҳастанд ва аз ин ки ба ғайр суд ё лаззате бирасад, ҳамон андоза шодмон мешаванд, ки ба худашон суде бирасад ва худашон ба лаззате бирасанд. Ва албатта ин дараҷот дорад. Гоҳе отифаи ғайрдӯстӣ ончунон дар баъзе аз инсонҳо авҷ мегирад, ки аз ин ки ба дигарон лаззат ё суд бирасонанд, бештар хушҳол мешаванд то ин ки ба худашон лаззат ё суд бирасонанд, яъне аз ин ки бипӯшонанд, бештар хушҳол мешаванд то бипӯшанд, аз ин ки бихӯронанд, бештар лаззат мебаранд то бихӯранд ва аз ин ки осоиш бирасонанд, хушҳолтаранд то худашон ба осоиш бирасанд.

Мабдаъ ва ҳадаф дар кори инсон

Ҳар коре дар инсон мабдаъе дорад ва ғояте, яъне дар инсон як эҳсос, як майл, як отифа ҳаст, ки муҳаррики ӯ ба як кор аст ва агар набуд, маҳол буд, ки инсон он корро анҷом бидиҳад. Маҳол аст инсон кореро анҷом бидиҳад бидуни он ки як муҳаррике, як майле ё як хавфе дар ӯ вуҷуд дошта бошад. Ва ҳар коре ҳадафе дорад. Инсон аз ҳар коре як манзуре дорад, ки мехоҳад ба он манзур ва ҳадаф бирасад. Кори ахлоқӣ коре аст, ки аз назари мабдаъ, аз майле ношӣ мешавад, ки он майл марбут ба худи инсон нест, марбут ба дигарон аст ва онро отифаи ғайрдӯстӣ меномем; ва аз назари манзур, ҳадафи инсон расидани хайр ба худаш нест, расидани хайр ба дигарон аст. Тибқи ин назария, феъли табиӣ аз доираи “худ” ва “ман” хориҷ нест. Майле, ки марбут ба “ман” ва “худ” аст, мехоҳад хайреро ба ҳамин “ман” ва “худ” бирасонад. Ҳайвонот ҳам ин ҷур ҳастанд. Вале феъли ахлоқӣ, ҳам аз назари майл аз доираи “худ” хориҷ аст (яъне он майл асосан марбут ба “худ” нест, марбут ба ғайр аст) ва ҳам аз назари ҳадаф, аз доираи “худ” хориҷ шудан аст, чун ҳадаф, расондани хайр аст на ба худ, балки ба ғайри худ. Пас, инсони ахлоқӣ инсоне аст, ки аз доираи “худ” по берун гузоштааст ва ба ғайри худ расидааст.

Ин ҳамон маслаке аст, ки дар ахлоқ, муҳаббатро ба унвони пояи ахлоқ таблиғ мекунад ва ахлоқ дар назари ӯ яъне муҳаббат. Муаллими ахлоқе, ки ахлоқаш бар ин поя аст, худашро паёмовари муҳаббат медонад. Бахше аз ин назария, назарияи муштараке аст лоақал миёни ҳамаи адён ва бештари макотиби фалсафии олам. Шояд мо дине дар дунё надошта бошем, ки тавсия ба муҳаббат накарда бошад. Ҷумлае ҳаст дар ахбор ва аҳодиси мо ва он ин аст:

أَحْبِبْ لِغَیْرِكَ ما تُحِبُّ لِنَفْسِكَ وَاكْرَهْ لَهُ ما تَكْرَهُ لَها

(“Наҳҷулбалоға”, номаи 3) Ба ин мазмун мо зиёд дорем. Барои дигарон онро дӯст бидор, ки барои худ дӯст медорӣ ва барои дигарон онро мапасанд, ки барои худ намеписандӣ. Дар яке аз китобҳои таърихи адён хондам, ки дар тамоми адёни бузурги олам ин тавсия вуҷуд дорад ва бояд ҳам вуҷуд дошта бошад. Чизе, ки ҳаст, баъзе аз маслакҳо ё динҳо рӯйи муҳаббат бештар такя кардаанд, яъне аслан меҳвари ахлоқашонро фақат ва фақат муҳаббат ташкил медиҳад ва бас, вале баъзе дигар муҳаббат, унсуре аз аносури ахлоқии онҳост, аносури дигарро ҳам дар ахлоқ ширкат медиҳанд.

Ахлоқи ҳиндӣ

Ахлоқи ҳиндӣ ахлоқи отифӣ аст, яъне такягоҳ дар ахлоқи ҳиндӣ отифа аст, ҳамчунон ки дар ахлоқи масеҳӣ ҳам шояд битавон гуфт, ягона такягоҳ, отифа ва муҳаббат аст. Гондӣ дар китобе, ки аз ӯ мунташир кардаанд ба номи “Ин аст мазҳаби ман” — ва яке аз фарангиҳо муқаддимаи бисёр ҷомеъе бар он навишта ва хулосаи китобро дар он муқаддима овардааст — мегӯяд: ман аз мутолеаи Упонишодҳо (1) ба се асл расидам:

1) Як асл ин ки дар ҳамаи дунё як маърифат, як шинохт вуҷуд дорад ва он, шинохти зот аст. (2) Дар олам фақат як маърифат вуҷуд дорад ва он, маърифати нафс аст, яъне худшиносӣ. Дар боби маърифат, такягоҳи фарҳанги ҳиндӣ маърифатуннафс аст, яъне ин ки инсон худро бояд бишносад, худро бояд кашф кунад. Тамоми риёзатҳои ҳиндӣ ҳам барои расидан ба ин матлаб аст. Мегӯяд: инро фаҳмидам, ки як асл ин аст, ки дар ҳамаи ҷаҳон як маърифат ва як шинохт вуҷуд дорад ва он, шинохт ва кашф кардани худ аст.

2) Асли дуввум ин ки ҳар кас худро шинохт, Худоро шинохтааст ва ҷаҳонро. (3) Ин ҳам ҳарфи дурусте аст.

Ин ҳар ду асле, ки ӯ мегӯяд, дар калимоти Пайғамбари Акрам ва амирулмӯъминин ҳаст. Дар калимоти амирулмӯъминин дар “Наҳҷул-балоға” нест, вале дар “Ғурар ва дурар”-и Омудӣ ҳаст. Мефармояд:

مَعْرِفَةُ النَّفْسِ أَنْفَعُ الْمَعارِفِ

Шинохти худ аз ҳар шинохте судмандтар аст.

Роҷеъ ба ин ки ҳар кас худро шинохт, Худо ва ҷаҳонро шинохта, ҷумлаҳо аз Пайғамбари Акрам ва амирулмӯъминин ҳаст ба ҳамин мазмун: ҳар ки худро шинохт, Худоро шинохтааст.

3) Асли севвум ин аст, ки дар ҳамаи дунё як нерӯ ва як некӣ вуҷуд дорад ва бас. Он нерӯ нерӯи тасаллут бар хештан аст. Ҳар кас бар худ мусаллат шуд — ба таъбири ӯ — бар ҷаҳон мусаллат шудааст. Ва дар ҳамаи ҷаҳон як некӣ вуҷуд дорад ва он дӯст доштани дигарон аст монанди дӯст доштани худ.

Ҳамаи шоҳиди арзи ман дар нақли сухани Гондӣ, дар ин як ҷумла аст. Ин аст, ки мегӯем, ахлоқи ҳиндӣ бар пояи дӯст доштан бино шудааст. Дар масеҳият ҳам мебинем, ки — лоақал ба ҳасби иддао — бар муҳаббат таъкид шудааст. Мубашширон ва мубаллиғони масеҳият ҳарфашон ҳамвора ин аст, ки мо паёмовар муҳаббатем, Масеҳ паёмбари муҳаббат будааст; муҳаббат биварз, ишқ биварз, то он ҷо, ки мегӯянд: агар як нафар ба тарафи рости суратат силӣ зад, тарафи чапи сурататро биёвар.

Тибқи ин назария, ахлоқ яъне некӣ кардан ба маънии муҳаббат варзидан, дӯст доштани дигарон. Оё ин назария саҳеҳ аст ё саҳеҳ нест?

Нақди ин назария:

а) Ҳар муҳаббате ахлоқ нест:

Ин назария сади панҷоҳ саҳеҳ аст, вале сади панҷоҳ саҳеҳ нест. Эродҳое бар ин назария ворид аст. Яке ин ки ҳар муҳаббатеро наметавон ахлоқ донист; гӯ ин ки қобили ситоиш ва мадҳ аст, вале дар айни ҳол ахлоқ нест. Ҳар коре, ки қобили мадҳ бошад, исмаш ахлоқ нест. Кори як қаҳрамон, ки зӯри бозу дорад, қобили мадҳу ситоиш аст, вале исмаш ахлоқ нест. Дар ахлоқ, унсури ихтиёр ва иктисоб яъне ғайри ғаризӣ будан хобидааст. Агар анҷоми коре барои инсон ғариза буд, яъне табиӣ ва фитрӣ ва модарзод буд ва инсон онро таҳсил накарда ва ба ихтиёри худаш ба даст наёварда буд. Он кор, бошукӯҳ ва азамат ва қобили мадҳ ҳаст, вале дар айни ҳол ахлоқ нест, мисли муҳаббати падару модар нисбат ба фарзанд ва махсусан муҳаббати модарона.

Эҳсосоти як модар нисбат ба фарзандаш, эҳсосоти бисёр олӣ ва бисёр бошукӯҳ ва азамат аст, қобили ситоиш ба маънии қобили мадҳ аст, вале як модар ба далели ин ки эҳсосоти дӯстонаи бисёр шадиде нисбат ба фарзанди худаш дорад, мо наметавонем эҳсосоти ӯро ахлоқӣ бидонем, ба далели ин ки ҳамин модар нисбат ба кӯдаки дигаре, ки масалан фарзанди ҳамсояаш мебошад, бетафовут аст. Ин эҳсосот эҳсоси ғайрдӯстӣ ҳаст, аммо ин ғайр мунҳасир аст ба фарзанди худаш. Ва ба илова, ӯ ин эҳсосотро касбу таҳсил накарда, ба ихтиёри худаш ба даст наёварда, балки қонуни ҳакимонаи хилқат ин эҳсосоти бисёр шадидро ба ӯ додааст барои ин ки низоми умур дуруст бишавад, чун агар чунин набуд, ҳеч модаре баччаи худашро парасторӣ намекард. Бинобар ин, эҳсосоти модар эҳсосоти ғайрдӯстона аст ношӣ аз як отифа ва аз доираи “худ” яъне “фард” хориҷ аст, вале намешавад ин эҳсосотро эҳсосоти ахлоқӣ ва кори модарро ахлоқ номид. Эҳсосоти падар ва эҳсосоти хешовандӣ ва арҳом ва низ ҳамватандӯстӣ ва миллиятдӯстӣ ҳам ҳамин гуна аст. Эҳсосотеро, ки инсон касб накарда, намешавад ахлоқ ба ҳисоб овард.

б) Ахлоқ маҳдуд ба ғайрдӯстӣ нест:

Эроди дигар: доираи ахлоқ аз ҳудуди ғайрдӯстӣ васеътар аст. Ҳамаи ахлоқҳо яъне ҳамаи корҳои муқаддас ва бошукӯҳи инсон, аз навъи ғайрдӯстӣ нест. Навъе дигар яъне як силсила корҳои боазамат ва шукӯҳ ва қобили тақдиру тақдис ва офарингӯӣ ва ҳамд дар инсон ҳаст бидуни ин ки рабте ба ғайрдӯстӣ дошта бошад ва ҳамон тавр, ки инсон эсор ё эҳсонро тақдис мекунад, он корро ҳам тақдис мекунад, мисли он чизе, ки араб аз он ба

إِباءُ الضَّیْم

— таъбир мекунад, яъне тан ба зиллат надодан. Инсонҳо дар он вақт, ки бо хатар мувоҷеҳ мешаванд ва амрашон доир аст миёни ин ки зиёнеро мутаҳаммил бишаванд ва иззаташонро ҳифз кунанд ва ё барои ин ки зиёни моли ё ҷониро мутаҳаммил нашаванд, тан ба зиллат ва пастӣ бидиҳанд, мухталифанд. Мо инсонҳоеро дар таърих мебинем, ки ҷони худашонро аз даст медиҳанд ва тан ба зиллат намедиҳанд. Мегӯяд:

مَوْتُ أَوْلی مِنْ رُكوبِ الْعارِ

Марг беҳтар аст аз ин ки инсон нанги зиллатро мутаҳаммил бишавад. Амирулмӯъминин фармуд:

وَالْحَیوةُ في مَوْتِكُمْ قاهِرینَ

(“Зиндагӣ дар марги шумост дар ҳоле, ки пирӯз бошед…” (“Наҳҷул-балоға”, хутба 51, с.138))

Гондӣ мегӯяд: дар ҷаҳон фақат як некӣ вуҷуд дорад ва он дӯст доштани дигарон аст.

На, дар ҷаҳон ғайр аз дӯст доштани дигарон, некии дигар ҳам вуҷуд дорад. Як мисолаш ҳамин буд, ки арз кардам.

в) Мафҳуми инсондӯстӣ:

Солисан, муҳаббати инсон эҳтиёҷ ба тафсир дорад. Ғолибан онро ғайрдӯстӣ тафсир кардаанд ва онҳо, ки каме болотар рафтаанд, гуфтаанд инсондӯстӣ…

Аввалан, эрод ворид аст, ки чаро инсондӯстӣ? Хуб бигӯем, ҷондордӯстӣ. Воқеан агар инсон нисбат ба як ҳайвон отифа ба харҷ бидиҳад (мисли достони он шахсе, ки дар ҳадис аст саги ташнаеро сероб кард, хуффи худашро — кафши худашро — дар чоҳ фиристод ва ба заҳмат об овард ва сагро сероб кард), ин кор ахлоқ нест чун инсондӯстӣ нест? Оё инсон фақат бояд инсонҳоро дӯст дошта бошад ва ҷондорҳои дигарро набояд дӯст дошта бошад? Балки ҳама чизро бояд дӯст дошта бошад. Ба қавли Саъдӣ:

Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз ӯст,

Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз ӯст.

Ба ҳаловат бихӯрам заҳр, ки шоҳид соқист,

Ба иродат бибарам дард, ки дармон ҳам аз ӯст.

Чаро фақат бигӯем, инсондӯстӣ? Лоақал бигӯем, ҷондордӯстӣ. Тоза, инсондӯстӣ эҳтиёҷ ба тафсир дорад. Ҳамин ҷоҳост, ки агар андаке ифрот бишавад, ба номи инсондӯстӣ “инсондушманӣ” сурат мегирад. Чӣ тавр?

Мақсуд аз инсон чист? Оё инсон яъне ҳамин ҳайвони як сару ду гӯш? Ҳар ҷо, ки мо ин ҳайвони як сару ду гӯшро дидем, бигӯем, инсон аст ва аз насли Одами Абулбашар? Ва ҳар чи аз насли Одами Абулбашар аст, мо бояд ӯро дӯст дошта бошем, мехоҳад Лумумба бошад ё Мӯсо Чумбӣ, чун ҳар ду дар ин ҷиҳат яксонанд? Ё мақсуд аз инсон на ҳар инсоне аст, на инсони билқувва ва на инсони зидди инсон, балки инсони дорои инсоният аст ва инсондӯстӣ ба хотири инсониятдӯстӣ яъне ба хотири дӯстии арзишҳои инсонӣ аст. Ҳар инсоне ба ҳар андоза, ки воҷиди арзишҳои инсонӣ аст, лоиқ дӯстӣ аст ва ба ҳар андоза, ки аз инсоният халъ шуда, ҳарчанд ба зоҳир монанди инсонҳои дигар аст, лоиқи душманӣ аст. Аз назари зоҳир, Чингиз ва Язид ибни Муовия ва Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ҳам инсонанд, вале инсонҳое, ки чизе, ки дар онҳо вуҷуд надорад арзишҳои инсонӣ аст, инсонҳои зидди инсон. Пас, инсондӯстӣ эҳтиёҷ ба тафсир дорад. Инсондӯстӣ яъне ҳар инсоне ба ҳар нисбат, ки аз арзишҳои инсонӣ баҳраманд аст, шоистаи дӯстӣ аст ва инсоне ҳам, ки билфеъл аз арзишҳои инсонӣ баҳраманд нест, боз лоиқи дӯстӣ аст барои расондани ӯ ба арзишҳои инсонӣ.

Як инсони комил як инсони фоқиди арзишҳои инсониро ҳам дӯст дорад, вале на ин ки чун дӯсташ дорад, фақат мехоҳад шикамашро сер кунад; дӯст дорад, ки ӯро наҷот бидиҳад ва бирасонад ба арзишҳои инсонӣ. Ба ин маъност, ки Пайғамбари Акрам

رحمةٌ للعالَمین

— барои ҳамаи мардум аъамм аз кофир ва мӯъмин раҳмат аст.

Пас, ин як меъёр дар боби ахлоқиёт, ки гуфта шудааст ва дидем ин меъёр, комил нест. Сад дар сад нафй намекунем, вале меъёри комили нест. Бахше аз ҳақиқат дар ин меъёр ҳаст, на тамоми ҳақиқат.

* * *

(1) Упонишодҳо маҷмӯаи китобҳои мазҳабии ҳиндуӣ дар қадим ва аз чанд ҳазор сол пеш аст ва ҷузъи китобҳои муҳимми дунё ба шумор меравад. Устоди бузургвори мо Аллома Таботабоӣ — Салламаҳуллоҳу Таъоло! — чанд сол пеш, ки ин китобро мутолеа карда буданд, хеле эъҷоб доштанд, мегуфтанд, маъонии фавқулъода амиқе дар ин китоб вуҷуд дорад. Алъон ҳам дунёи Урупо барои ин китоб аҳаммияти фаровоне қоил аст.

(2) Дар тарҷима, калимаи “зот“-ро навишта буданд. Ман ҳадсам хеле қавӣ аст, ки бояд ба ҷойи зот, калимаи “нафс” тарҷима мекарданд.

(3) Аз ин ҷост, ки мегӯям, бояд тарҷима мекард маърифати нафс, на маърифати зот.

* * *

Идома дорад

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

СММ ҳамлаи террористӣ дар Шерозро маҳкум кард
Дунё чизе ҷуз пажвок нест

Матолиби пурбоздид