Фаронса аз Эрон хост хештандорӣ кунад

Фаронса аз Эрон хост хештандорӣ кунад

Ахбори байналмилал

Дар пайи ҳамалоти ҳавоии имрӯзи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба Эрон, раиси ҷумҳури Фаронса аз Теҳрон хост, хештандорӣ нишон диҳад.

Ба иттилои манобеи расмӣ, ӯ дар изҳороте таъкид кардааст, ки ташдиди танишҳо метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои амният ва суботи минтақа дошта бошад. Раиси ҷумҳури Фаронса бар зарурати коҳиши даргириҳо ва бозгашт ба роҳҳалҳои дипломатӣ таъкид намудааст.

Ин даъват дар шароите садо медиҳад, ки пас аз ҳамалоти зикршуда нигарониҳо дар бораи густариши низоъ дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ афзоиш ёфтааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омори талафоти Исроил бар асари ҳамлаҳои Эрон
Ҳак шудани телевизиони Исроил ва пахши тасовири Оятуллоҳ Хоманаӣ

Матолиби пурбоздид