Харитаи Сурия бидуни минтақаи Ҷулон
Байналмилал
Худо ҳофиз Ҷулон!
Вазорати хориҷаи Ҷулонӣ харитае аз Сурия бидуни баландиҳои Ҷулон мунташир кард
Ба гузориши Middleeast24, Вазорати умури хориҷаи Сурия (давлати шӯришиён ба саркардагии Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ) тасвире аз харитаи Сурия мунташир кард, ки Сурияро бидуни баландиҳои Ҷулон – ки ҳатто Созмони Милали Муттаҳид онро сарзамини Сурия ва ишғолшуда аз тарафи режими Исроил медонад – нишон додааст. Рӯйи ин харита навишта шуда: Сурия бидуни қонуни Қайсар.
Гуфтанист, қонуни Қайсар (Caesar Act) як қонуни таҳримӣ аст, ки дар соли 2019 тавассути Омрико тасвиб ва аз соли 2020 иҷро шуд. Ҳадафи аслии он афзоиши фишори иқтисодӣ ва сиёсӣ бар давлати Сурия буд. Аммо инак пас аз суқути низоми Башшор Асад ва сари кор омадани Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ ин қонун аз тарафи Омрико бардошта шуд.
middleeast24.org
qalamonline.net
Қаламонлайн













