Хашму асабонияти “Исроил” аз тавофуқи Эрон ва Арабистон

Хашму асабонияти “Исроил” аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Яир Лапид, нахуствазири пешини “Исроил”, дар вокуниш ба тавофуқи Эрон ва Арабистони Саудӣ барои аз саргирии равобит, таъкид кард, ки ин тавофуқ “шикасте тамомаёр барои Исроил” аст.

Вай бо интиқод аз сиёсатҳои Натонёҳу гуфт, ки “бо ин тавофуқ девори дифоии минтақаӣ, ки алайҳи Эрон сохтем, вайрон шуд.”

Лапид гуфт, ки тавофуқи Теҳрон ва Риёз хатаре барои сиёсати хориҷии Исроил аст.

Нафтолӣ Бенет, дигар нахуствазири пешини “Исроил” низ дар вокуниш ба тавофуқи Эрон ва Арабистони Саудӣ, аз кобинаи Натонёҳу интиқод кард ва гуфт, ки ин тавофуқ “дар натиҷаи заъф ва ихтилофоти дохилӣ дар Исроил” ба вуҷуд омад.

Вай гуфт, ки тавофуқи Эрон ва Арабистони Саудӣ таҳаввуле хатарнок барои Исроил ва як пирӯзии сиёсии барои Эрон аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Уммати васат кадом аст?
Эрон ва Арабистони Саудӣ оштӣ карданд

Матолиби пурбоздид