Хоби Ибни Аббос (рз) дар рӯзи Ошуро

Таърих

Хоби Ибни Аббос (рз) дар рӯзи Ошуро

Хоби Ибни Аббос (рз) дар рӯзи Ошуро, даҳуми муҳаррами соли 61 ҳ.қ.

Ибни Аббос гӯяд:

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва саллам)-ро дар хоби нисфирӯзӣ дидам, ки парешонҳолу хоколуд ва дар дастонаш шишаи хун буд. Гуфтам: Падару модарам фидоят шаванд, эй Расули Худо (с)! Ин (вазъият ва шишаи хун) чист?

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:

ИН ХУНИ ҲУСАЙН ВА ЁРОНИ ӮСТ, КИ ИМРӮЗ ПАЙВАСТА ҶАМЪ КАРДАМ.

Ибни Аббос гӯяд: Он рӯзро ҳисоб кардем, маълум шуд, ки он ҳамон рӯзи қатли Имом Ҳусайн (а/с) будааст.

(Муснади Аҳмад)

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё ин ғайрати баҷост?
Тромп дар ҳангоми суханронӣ, ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифт

Матолиби пурбоздид