Хотира

Адаб
Хотира
Меҳрафзои Азиз
Имрӯз дар роҳи зиндагӣ вақти дамидани субҳ бо хотира рӯ ба рӯ шудам. Хеле пир гашта…
Вақте садои тик-тик задани борон шунида мешуд, аз як гӯшаи дигар сароидани булбул ба гӯш мерасид.
Аз ин ки бо хотира дӯстам, сӯҳбатамон гарм шуд.
Хотира гуфт, ёд дорӣ рӯзҳои гузаштаро? Давраҳои бачагиро, аввалин ишқро, орзуҳои норасидаро…
Бисёр буданд дар роҳ хушиҳо ва ҳамраҳаш парешониҳо.
Аммо ҳар чӣ буд мегузашт.
Боре дар роҳ хушбахтӣ ҳамсафарам гашт. Албатта дунболаш ғам буд…
Ҳамин хел хотира аз ҷавонӣ то миёнсолӣ ҳар як афтидану болошуданҳоро нақл мекард. Зиндагии дурӯғинро, сохтакориҳоро, пешпо хӯрданҳоро ва дар охир, ба сари ақл омадан ва ё ба ҳамаи он одат карданҳоро як-як пеши назар меовард. Ҳарду бо хотира, ҳам гиря доштему ҳам ханда. Ҳарду мисли шарики зиндагӣ будем. Дар ҳама ҳолат хотира ҳамраҳам буд, ҳам дар шодиҳо ва ҳам дар ғамҳо. Гуфт мо дустони ҷонӣ, се нафарем. Ҳайрон ба сӯяш нигаристам, кист сеюмӣ. Ҳамин вақт сукут дастамро гирифт. Оҳ, гуфтам ин роздори ман аст. Аз ҳамаи шикастанҳоям, ки ғурурам зери пой мешуд, захми дилҳоям тез-тез нав мешуд, ҳамин сукут буд ҳамраҳам. Оҳи зиндагӣ қалбро лахту пора карда.. Акнун бо ман хотираву сукут механдиданду мегиристанд. Ҳамон замон овози баланди раъду барқ ҳамраҳи девбод баланд гашт. Ба берун давидам сӯйи жола ва хотираву сукут аз пасам. Раҳораҳ сукут пурсид: куҷо меравем? Гуфтам раҳоям накарда биёед. Раъду барқ гӯё ҳарфи диламро мехонд, баробари расидан чунон овозаш баланд шуд, ман беихтиёр ҳамовоз гаштам. Садои доди ман ба осмон дакка зад. Акнун ману борону хотираву сукут аз талхиҳои ҷамъшуда фарёд доштем. Ва аз гиряи мо касе хабар надошт. Борон сару рӯямро аз гиря бо донаҳояш мешуст… Раҳо шудем аз ғамҳо… Хотираву сукут дастамро гирифтанду роҳ сӯи хона гаштем. Акнун аз раъду барқ ва тундбод нишоне набуд. Ва ин қалб ором шуд…
Хотира гуфт, ҳамроҳат чанд зимистону баҳор будам ва оянда боз чандин баҳорҳои зиёд хоҳем дид. Сукут гуфт Худованд сабркунандагонро дуст дорад. Ва ҳама вақт аз пушти шом саҳаре хоҳад буд, иншоаллоҳ.
Ба умеди Худоем.
Меҳрафзои Азиз
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қалаомнлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нобиғаҳо…
Мафҳуми “инсон” дар афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ

Матолиби пурбоздид