Худо киро дӯст медорад?
Мактаби инсоният
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
Худо мардуми нексират ва гумноми парҳезгорро дӯст дорад.
Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад.
Худо онро, ки дар дуо исрор варзад, дӯст дорад.
Худо мӯъмини косибро дӯст дорад.
Худо дили андӯҳнокро дӯст дорад (дар сурате ки андӯҳаш барои кори лағв ва гуноҳ набошад).
Худо корҳои некӯ ва шарифро дӯст дорад ва умури паст ва беарзишро хуш надорад.
Худо дӯст дорад, аз ҳалоли ӯ истифода кунанд, чунон ки дӯст дорад, ҳаромро вогузоранд.
Худо барои мусалмон ғаюр аст, ӯ ҳам бояд ғайратманд бошад.
Худо гоҳе ин динро ба дасти марди бедине таъйид мекунад.
Худо ҳаё мекунад, дастеро, ки ба ҷониби Ӯ бардоштаанд, холӣ баргардонад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













