Хурофот чист?
Чӣ гуна хурофот дар дину мазҳаб роҳ меёбад?
Як кашиши рӯшанбини масеҳӣ китобе навишта дар мавзӯи хурофа ва ин ки чӣ гуна хурофаҳо ба дину мазҳаб роҳ меёбад. Вай, дар ин китоби худ достоне нақл карда, ки воқеан хонданӣ аст.
“Дар як маъбад гурбае вуҷуд дошт, ки ҳангоми ибодати роҳибҳо музоҳими тамаркузи онҳо мешуд. Бинобар ин, устоди бузург дастур дод, ки ҳар вақт замони ибодат фаро бирасад, як нафар ин гурбаи музоҳимро гирифта ва ба таҳи боғ бибарад ва ба дарахте муҳкам бибандад.
Ин ривол солҳо идома пайдо кард; ба гунае ки яке аз усули кори роҳибон ҳамин шуд.
Солҳо баъд, устоди бузург даргузашт. Гурба ҳам мурд. Роҳибони он маъбад гурбае хариданд ва ба маъбад оварданд, то ҳангоми ибодат онро ба дарахт бибанданд, то ибодаташон ба ҳамон риволе бошад, ки ҳангоми зинда будани устоди бузург буд.
Солҳо сипарӣ шуд ва устоди бузурги дигаре рисолае навишт дар бораи аҳаммияти бастани гурба ба дархт ҳангоми ибодат…”
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: