Чаро Омрико душманони худро муттаҳид мекунад?

Таҳлили хабарӣ
Чаро Омрико душманони худро муттаҳид мекунад?
Таҳлиле аз Питер Бейнорт (Peter Beinart) дар рӯзномаи The New York Times
Давлати Бойден ахиран ду эълони бад додааст: Эрон ба сохти паҳпод барои Русия кӯмак мекунад ва Чин як пойгоҳи ҷосусӣ дар Кубо дорад.
Паём возеҳ аст: душманони Омрико дар ҳоли пайвастан ба якдигар ҳастанд. Онҳо акнун ҳамон чизеро ташкил медиҳанд, ки Маркази “Вошингтун барои амнияти ҷадиди омрикоӣ” ахиран онро “меҳвари иқтидоргароёни ҷадид” номида, ки манофеъи Иёлоти Муттаҳидаро аз шарқи Осиё то дарёи Короиб ва Урупои шарқӣ то халиҷи Форс, таҳдид мекунад.
Фарзи аслии ин иборат ҳокӣ аз он аст, ки он чи давлатҳои Русия, Чин, Эрон ва Куборо маҷбур ба ҳамкорӣ бо якдигар мекунад, безории муштараки онҳо аз демукросӣ аст. Ин ривояте ҷаззоб барои табақаи сиёсатгузори хориҷии Вошингтун аст, ки ағлаби муборизоти жеупулитикии Омрикоро ба унвони рақобат байни озодӣ ва истибдод ба тасвир мекашад.
Аммо як мушкил дар ин миён вуҷуд дорад: танҳо чанд сол пеш, давлатҳои Кубо ва Эрон – ки дар он замон ҳам системҳои сиёсии иқтидоргаро доштанд – равобити наздиктаре бо Вошингтун дунбол мекарданд.
Онҳо ба хотири танаффур аз демукросӣ ба самти Русия ва Чин мунҳариф нашуданд, балки онҳо ба самти Чин ва Русия чархиданд, зеро Иёлоти Муттаҳида онҳоро рад карда ва ба оғӯши душманони бузурги Омрико (Чин ва Русия) савқ дод.
Дар даврони Дунолд Тромп ва Ҷу Бойден, Вошингтун ба эҷоди широкатҳои зидди омрикоӣ, ки акнун аз он ибрози таассуф мекунад кӯмак кардааст; дақиқан ҳамон коре, ки дар тӯли даврони ҷанги сард ҳам борҳо анҷом дод.
Мавриди Кубо
Дар мавриди Кубо ин кишвар дар бештари даврони пас аз ҷанги сард, роҳбурди комилан равшанеро дунбол кардааст: системи сиёсии худро баста нигаҳ дорад ва дар айни ҳол дарҳои иқтисодашро ба рӯйи сармоягузории хориҷӣ боз кунад.
Ин амр мусталзими равобити беҳтар бо Вошингтун буд, зеро таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида на танҳо Куборо аз бузургтарин манбаъи билқувваи гардишгарӣ ва тиҷорати худ манъ мекард, балки ширкатҳои урупоиро низ аз ҳузур дар Кубо метарсонд.
Вилём Леугронд, коршиноси Омрикои лотин дар донишгоҳи омрикоӣ, ба ман гуфт: “Ҳар компоненти аслии иқтисодии Кубо дар ду даҳаи гузашта бар асоси интизороти баландмуддат мабнӣ бар беҳбуди равобит бо Иёлоти Муттаҳида будааст.”
Дар соли 2014 ин шарт шурӯъ ба натиҷа додан кард ва давлати Убомо ба душмании чанддаҳаии Омрико бо давлати Кубо поён дод ва ба зудӣ ҳама аз Конан Убройен гирифта то Эндрю Куомо ва Стив Нэш дар Ҳовоно зоҳир шуданд.
Ҳамон тавр, ки Мойкел Бустомонт, коршиноси донишгоҳи Маёмии Кубо, дар он замон хотирнишон кард, “парчами Омрико ҳатто ба шиктарин меъёри миллӣ табдил шудааст, ки бар рӯйи тишерт ва ҷӯроби шалвории кубоиҳо зоҳир мешавад.”
Сипас Дунолд Тромп вориди Кохи сафед шуд ва ҳама чиз ба ҳам рехт. Ӯ дар соли 2019 шадидтарин таҳримҳои иқтисодиро дар беш аз ним қарни ахир алайҳи Кубо эъмол кард.
Як моҳ баъд, Кубо шурӯъ ба ҷирабандии собун, тухми мурғ, биринҷ ва лубиё кард. Дар ҳамон замон, тибқи гузориши Wall Street Journal, шабакаи назоратии Чин дар ин ҷазира “таҳти иртиқои қобили таваҷҷӯҳе қарор гирифт.”
Эвон Элис, таҳлилгари Омрикои лотин дар коллеҷи артиши Иёлоти Муттаҳида, дар бораи истиқрори таъсисоти шунуди Чин дар Кубо ба Wall Street Journal гуфт: “Чин пулеро ба Кубо медиҳад, ки ба шиддат ба он ниёз дорад ва дар иваз ба имконоти истироқи самъ аз тариқи хоки Кубо дастрасӣ меёбад.”
Дар тирамоҳи гузашта Чин мувофиқат кард, ки бадеҳии Куборо ба гардан гирифта ва 100 милюн дулор ба ин кишвари ҷазираӣ кӯмак кунад. Яке аз далоиле, ки Кубо ҳамчунон ба пули Пекин ниёз дорад ин аст, ки давлати Бойден таҳримҳои калидии Тромпро ҳифз кардааст.
Намунаи Эрон
Равобити Эрон ва Омрико низ аз улгуи мушобеҳе пайравӣ мекунад. Замоне, ки ду кишвар тавофуқи ҳастаии 2015 мавсум ба “Барҷом”-ро имзо карданд, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи вақти Эрон, онро “на сақф, балки як пояи муҳкам” хонд, ки ”акнун бояд шурӯъ ба сохтани он кунем.”
Раҳбарони Эрон низ монанди Кубо, умедвор буданд, ки равобити беҳтар бо Иёлоти Муттаҳида мунҷар ба ҷазби сармоягузории ғарб дар ин кишвар шавад.
Агарчӣ бархе аз тундравҳои эронӣ нигарон буданд, ки равобити иқтисодӣ бо ғарб боиси тазъифи низом шавад, аммо Зариф ва Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури вақти Эрон, ба ин қимор даст заданд, ки як иқтисоди қавитар мавқеияти минтақаии Эронро тақвият ва норизоятии мардумро хунсо мекунад ва дар натиҷа ба таҳкими низоми сиёсии кишвар кӯмак мекунад.
Аммо корҳо он тавр, ки Зариф ва Руҳонӣ мехост пеш нарафт ва Тромп бо хуруҷи якҷонибаи Омрико аз “Барҷом”, таҳримҳои сахтеро дубора эъмол кард. Давлати Бойден ҳам ба ҷойи вуруди муҷаддад ба тавофуқ дар аввалин рӯзи рӯйи кор омадани худ, хостаҳои бештареро матраҳ кард, ки ба хунсо кардани талошҳо барои эҳёи тавофуқ кӯмак кард.
Ва бо нопадид шудани чашмандози сармоягузории қобили таваҷҷӯҳи Омрико ва Урупо, аҳруми Вошингтун бар равобити Эрон ва Маскав низ аз байн рафт. Эрон акнун бо тавсиаи он чи сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ахиран онро “мушорикати дифоъии тамомаёр” бо Русия хонд, чизе барои аз даст додан надорад.
Собиқаи даврони ҷанги сард
Ин аввалин бор нест, ки Иёлоти Муттаҳида кишварҳои кучактарро ба оғӯши душманони абарқудрати худ савқ медиҳад, балки ин иштибоҳро борҳо дар даврони ҷанги сард ҳам анҷом додааст.
Фредерик Лугол дар китоби худ “Embers of War” ишора мекунад, ки то охирҳои даҳаи 1940, Ҳо Ши Мин, раҳбари миллигароёни ветномӣ, мӯътақид буд, ки Иёлоти Муттаҳида “метавонад қаҳрамони ормони ӯ” дар касби истиқлол аз Фаронса бошад.
Дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дуввум, артиши шӯришии оқои Ҳо Ши Мин дар канори созмони CIA, дар набарди Омрико алайҳи Жопун кор мекард.
Аммо бо афзоиши танишҳои ҷанги сард, давлати Трумэн коршиносони осиёии худро нодида гирифт – ки бисёре аз онҳо артиши Ҳо Ши Минро як ҷунбиши умдатан носиюнолистӣ ва на кумунистӣ медонистанд – ва аз талошҳои Фаронса барои ҳифзи имперотории худ ҳимоят кард. То соли 1950, артиши Ҳо Ши Мин аз Чини кумунист аслиҳа дарёфт мекард.
Як даҳа баъд, Иёлоти Муттаҳида коре мушобеҳ дар Кубо анҷом дод. Пас аз ба даст гирифтани қудрат дар оғози соли 1959, Фидел Костру шурӯъ ба тавзеъи муҷаддади сарват ва таҷдиди назар дар равобити таърихии ҷазира бо Вошингтун кард.
Аммо алорағми тамоюлоти чапгароёнаи оқои Костру, Вилём Леугронд ва Питер Корнблух дар китоби худ бо унвони “Коноли баргашт ба Кубо” хотирнишон мекунанд, Костру “дар аввалин соли қудрати худ ҳеч тамоюли хоссе ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ нишон надод.”
Танҳо пас аз ин ки оқои Костру мазореъи бузургро миллӣ кард, ки боис шуд давлати Эйзенҳоуэр барномарезӣ барои сарнагунии ӯро оғоз кунад, Ҳовоно барои кӯмакҳои иқтисодӣ ва низомӣ ба Маскав вобаста шуд.
Никито Хрушев, раҳбари вақти Шӯравӣ, мушоҳида кард, ки хусумати Иёлоти Муттаҳида, Куборо ба самти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ савқ дод “монанди як оҳан, ки ба оҳанрубо мечаспад.”
Ҷанги сард бояд ба мо ёдоварӣ кунад, ки кишварҳое бо системҳои сиёсии мушобеҳ лузуман муттаҳид нестанд.
Дар тӯли ҷанги сард, бисёре аз сиёсатгузорони Иёлоти Муттаҳида тардид доштанд, ки давлатҳои кумунистӣ битавонанд мустақил аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ боқӣ бимонанд, аммо ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки дар Югусловӣ иттифоқ афтод; ҷойе, ки Тито дар соли 1948 аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҷудо шуд ва баъдан аз кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида истиқбол кард. Дар даҳаи 1960 ҳам Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Чин ба рағми доштани низомҳои сиёсии мушобеҳ, ба душмани якдигар табдил шуданд.
Вақте дар авҷи даврони ҷанги сард давлатҳое, ки идеулужии морксистии муштарак доштанд, ҳамеша бо ҳам канор намеомаданд, дар шароити кунунӣ, ки дунё ба куллӣ фарқ карда, ҳеч илзоме вуҷуд надорад, ки кишварҳое мисли Чин, Русия, Эрон ва Кубо, ки ҳар як ба ашколе низомҳои сиёсии муғойир бо либерол-демукросӣ доранд, дар канори якдигар бошанд.
Бинобар ин, ҳеч чиз аз назари идеулужикӣ дар мавриди равобити амниятӣ ё низомии рӯ ба рушд байни Ҳовоно ва Пекин ё Теҳрон ва Маскав таъйин нашудааст, балки ин наздикӣ то ҳадди зиёде аз талошҳои Вошингтун барои гуруснагӣ додан ба Кубо ва Эрон барои таслим шуданашон ба ҷойи эҷоди равобити корӣ бо режимҳое ношӣ мешаванд, ки мо аз низоми сиёсӣ ва ҷиҳатгириҳои сиёсати хориҷии онҳо безорем.
Ин рӯзҳо, шоҳинҳо дар Вошингтун мегӯянд, ки Иёлоти Муттаҳида наметавонад таҳримҳои густурда алайҳи Эрон ва Куборо лағв кунад, ҳатто агар мардуми оддии ин кишварҳо барои ёфтани ғизо ва дору дар азоб бошанд, зеро ин ду кишвар бо душманони Омрико шарик ҳастанд.
Шояд шоҳинҳо дар ваҳлаи аввал бояд ба ин масъала фикр кунанд, ки чаро ин кишварҳо бо иштибоҳоти сиёсати хориҷии Омрико ба домони якдигар меғалтанд.
The New York Times
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Давлати Амрико эътимоди мардумашро аз даст додааст
Оё Амрико ҳақ дорад, худро мудофеи каромати инсонӣ бишморад?

Матолиби пурбоздид