Далели исрори Эрон дар баргузор нашудани музокирот дар Истанбул
Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ
Ин аст далели исрори Эрон бар багузор нашудани музокирот дар Истанбул
Шабакаи Алҷазира ба нақл аз манобеи огоҳ гуфт, ки Қатар, Туркия ва Миср чорчӯберо ба Эрон ва Омрико барои музокироти рӯзи ҷумъа дар Масқат ироа кардаанд, ки илова бар ҳастаӣ, ҳамчунин шомили “маҳдудият дар истифода аз мушакҳои болистик ва таслеҳи муттаҳидони Эрон дар минтақа аст”.
Ин шабакаи қатарӣ гуфт, ки дар ин чорчӯби пешниҳодӣ, таваққуфи сесолаи ғанисозии ураниуми Эрон ва интиқоли захоири ураниум ба кишвари солис матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи ин манобеъ, нукоти калидӣ дар чорчӯби пешниҳодӣ ҳамчунин шомили “маҳдудият дар истифода аз мушакҳои болистик ва таслеҳи муттаҳидони Эрон дар минтақа аст”.
Дар ин гузориш гуфта шуда, ки тибқи ин пешниҳод, “Эрон ӯҳдадор шавад, ки ба муддати се сол ғанисозии ураниумро ба сифр бирасонад ва пас аз он, маҳдуд кардани ғанисозии ураниум ба зери 1.5 дарсадро бипазирад ва захираи ураниум бо ғинои болоро ба як кишвари солис мунтақил кунад”.
Ин дар ҳолест, ки Алӣ Боқирӣ, муовини дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон эълом кард, ки масъулони эронӣ биное бар интиқоли маводди ғанишудаи ҳастаӣ ба ҳеч кишваре надоранд ва музокирот аслан перомуни чунин амре нест.
Дар ин гузориши иддао шуда, ки “чорчӯби пешниҳодӣ фаротар аз барномаи ҳастаии Эрон аст”.
Ин дар ҳолест, ки Сайидаббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, ахиран бо таъкиди муҷаддад бар мавзеи Эрон, эълом кард, ки Теҳрон бар сари муаллафаҳои қудраташ шомили тавонмандии дифоӣ ва мушакӣ музокира нахоҳад кард.
Тибқи ин гузориш, “миёнҷиҳо пешниҳод мекунанд ки Эрон бояд мувофиқат кунад, ки силоҳҳо ва фанновариҳоро ба муттаҳидони минтақаӣ ва ғайридавлатии худ мунтақил накунад ва ҳамчунин ӯҳдадор шавад, ки оғозгари истифода аз мушакҳои болистик набошад”.
Қаламонлайн
qalamonline.net













