Чаро ғарби мутамаддин дар мавзӯи ҷанги Ғазза худро ба карӣ задааст?

Таҳлили хабарӣ
Чаро ғарби мутамаддин дар мавзӯи ҷанги Ғазза худро ба карӣ задааст?
Ёддоште аз Мозиёри Оқозода дар Asriran
Эътирозҳои ҳафтаҳои гузашта дар кишварҳои Урупои ғарбӣ ва Омрикои шимолӣ, ки дар адабиёти роиҷи сиёсӣ аз кишварҳои ин маҷмӯа ба ҳамроҳи Устролиё ва Нюзеланд, таҳти унвони “Ғарб“ ёд мешавад, бо вуҷуди бесобиқа ё камсобиқа будан, шикофе ҷиддиро дар мавзӯъи хости миллатҳои ғарбӣ бо сиёсатҳои “давлатҳои мунтахаб”-ашон нишон дод.
Бо ваҳшигириҳои шадиди режими Исроил дар иртикоби куштори ғайринизомиён дар навори Ғазза, афкори умумии миллатҳои ҷаҳон бавежа дар Ғарб, нисбат ба ин мавзӯъ ҳассос шуда ва эътирозоти густурдае дар ақсо нуқоти ҷаҳон бавежа дар кишварҳои ғарбӣ алайҳи сиёсати давлатҳои ғарбӣ дар ҳимояти мутлақ аз режими Исроил шакл гирифтааст ва ҳамчунон низ ба мувозоти идомаи ҷанг дар Ғазза, дар ҷараён аст.
Ин эътирозот аммо на танҳо боиси таваққуфи мошини куштори режими Исроил дар навори Ғазза нашуда, балки ҳатто боиси коҳиши ҳимоятҳои низомӣ ва пуштибониҳои ҳамаҷонибаи давлатҳое чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Ангилис ва Олмон аз режими Исроил нашудааст ва ин суолро пеш кашида, ки ҷойгоҳи афкори умумӣ дар сиёсати давлатҳои ғарбӣ бавежа дар заминаи сиёсати хориҷӣ, куҷост?
Пурвозеҳ аст, ки афкори умумӣ мавзӯъе муҳим барои ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст бавежа барои давлатҳое, ки худро ҳосили як иҷмоъи демукротик ва баромада аз “орои озод”-и шаҳрвандони худ медонанд.
Кишварҳои ғарбӣ ҳамвора таъкид доштаанд, ки бояд ба афкори умумӣ аҳаммият дод ва дигар кишварҳои ғайриғарбиро ҳамвора тавсия ба шунидани садо ва назароти мардуми худ ва ҷомаи амал пӯшондан ба хостҳои онҳо мекунанд ва солона боис ва бонии тасвиби даҳҳо қатънома дар маҷомеъи байналмилалӣ дар маҳкумияти дигар давлатҳои ғайрағарбӣ бобати ҳамин мавзӯъ мешаванд.
Аммо дар фақраи ахири ҷанги Ғазза, алорағми эътирозоти ошкор ва густурдаи шаҳрвандони ғарбӣ мабнӣ бар эъмоли оташбас дар Ғазза ва поён додан ба мошини куштори артиши Исроил, ин давлатҳои ғарбӣ мудом таъкид доранд, ки “оташбас ба нафъи Ҳамос” буда ва “Исроил ҳаққи дифоъ аз худ”-ро дорад; ҳарчанд, ки дар амал ин ҳаққ бо куштори беш аз 16 ҳазор шаҳрванди ғайринизомӣ ва захмӣ шудани беш аз 30 ҳазор нафар аз онон бавежа занон ва кӯдакон ҳамроҳ бошад.
Ин давлатҳо ба ҳамин низ басанда накарда ва дар бархе аз давлатҳои Урупои ғарбӣ аз ҷумла Олмон, Фаронса ва Ангилис, муҷозотҳои сахте барои эътироз алайҳи Исроил дар назар гирифта шуда ва ҳатто ба даст гирифтани намодҳо ва парчами Фаластин ҷурм талаққӣ шуда ва бисёре аз донишҷӯён ва хабарнигорон ва фаъолони маданӣ ва ғайра, ба баҳонаи ҳамин мавзӯъ аз кор ихроҷ шуда ва ё дар маърази таҳдид ба ихроҷ қарор гирифтаанд.
Аммо чаро давлатҳои ғарбӣ дар мавзӯъи ҷанги Ғазза худро ба карӣ зада ва садои эътирози бахши қобили таваҷҷӯҳе аз шаҳрвандонашонро намешунаванд ва ба ҳимояти низомии ҳамаҷонибаи худ аз “бузургтарин наслкушии қарни 21” хотима намедиҳанд ва ҳатто худро бо иқдомоте чун ҷарима ва муҷозот ва ихроҷи фаъолони маданӣ ва хабарнигорон ва донишҷӯён ва ғайра ба хотири эътирозоти зидди исроилӣ расвотар месозанд?
Ин иқдом ду далели умда дорад: нахуст ин ки аз замоне, ки базри Исроил ба гунае ғайритабиӣ ва ба унвони гунае ғайримутаҷонис бо муҳити минтақаи ғарби Осиё, дар ин минтақа кошта шуда то замони ҳозир ва эҳтимолан оянда, ҳар чизе, ки марбут ба Исроил буда хатти қирмиз ва ҳамзамон пошнаи ошили давлатҳои ғарбии ҳомии он будааст, ки боз кардани далоили он худ маҷоли навишторе дигар металабад.
Аммо далели дуввум: “афкори умумӣ” ҳарчанд муҳим аст, аммо вақте пойи манофеъ ва амнияти миллии кишварҳо дар миён бошад, ба ҳеч ваҷҳ дар авлавият қарор намегирад ва давлатҳо бар мабнои иҷмоъи табақаи “олияи тасмимгир” аз манофеъи миллии худ амал мекунанд ва дар фақраи бӯҳрони Ғазза низ иҷмоъи табақаи баланд ва тасмимгири давлатҳои ғарбӣ дар ин аст, ки ба рағми куштори ҳазорон ғайринизомӣ аз сӯйи Исроил, агар ин давлатҳо ҳимояти худро аз режими Телавив бардоранд, мувозанаи геополитик дар минтақаи ғарби Осиё ва ҳатто ҷаҳон ба нафъи руқабои Ғарб аз ҷумла Русия, Эрон ва Чин тағйир хоҳад ёфт ва бар ин мабно, чашми худро ба рӯйи куштори ҳазорон ғайринизомии фаластинӣ аз сӯйи режими Исроил дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ бастаанд ва ҳатто ба гунае мустақим ва ғайримустақим ҳомии чунин наслкушӣ ва кушторе шудаанд.
Бинобар ин, дар ҷамъбандии мавзӯъ бояд гуфт, ба рағми аҳаммияти афкори умумӣ, аммо вақте пойи манофеъ ва амнияти миллии кишварҳо дар миён бошад, чӣ давлатҳои ғарбӣ бошанд ва чӣ шарқӣ, чӣ баромада аз раванди демукротик бошанд ва чӣ бо диктотурӣ идора шаванд, рафтори яксоне аз онҳо сар мезанад ва он рафтори яксон авлавияти мутлақи мафоҳими реалистӣ ҳамчун манофеъ ва амнияти миллӣ, боздорандагӣ ва асли мувозанати қуво ва таваҷҷӯҳ ба манофеъ ва воқеиятҳои геополитик аст.
Ҷанги Ғазза беш ва пеш аз он ки мояи як расвоии бесобиқа барои Исроил дар муқобили чашмони наззорагари афкори умумии ҷаҳонӣ шуда ва ин режимро дар як ботлоқи низомӣ ва гирдобе ахлоқӣ фурӯ бурда, давлатҳои ғарбиро ҳам, ки манофеъи худро ба дастони рӯйи мошаи низомиёни исроилӣ гиреҳ задаанд, дар ҳамон махмаса гирифтор кардааст ва солҳо замон хоҳад бурд то ҳатто пас аз итмоми ҷанги Ғазза, ин кишварҳо агар битавонанд виҷҳаи махдушшудаи худро дар байни афкори умумии миллатҳо бозсозӣ кунанд ва шояд ҳеч гоҳ натавонанд ин чинии шикастаро банд зада ва дубора дар нақши ”носеҳони дилсӯз ва меҳрубон”-и дигар кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон зоҳир шаванд, чун дастони онҳо дар ҷанги Ғазза бад ҷурӣ бӯйи хун гирифтааст, ки пок шудани он ба осонӣ муяссар нест.
Asriran
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омодагии Русатом барои эҳдоси ду ниругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон
Намояндаи Ҳамос: Набарди Ғазза ояндаи режимҳои арабиро таъйин мекунад

Матолиби пурбоздид