Шайх Саъдӣ
Шайх Муслиҳуддин Мушрифуддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, машҳур ба Саъдии Шерозӣ аз бузургони шеъру адаби порсист, ки дар садаи ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ дар Шероз дида ба ҷаҳон гушуд ва аз кӯдакӣ улуми динӣ ва адабиро дар мактабхона фаро гирифт ва пас аз поёни таҳсилоти муқаддамотӣ роҳии Бағдод шуд ва бо ҳузур дар мадрасаи Низомияи ин шаҳр ва баҳра бурдан аз маҷлиси дарси бузургоне ҳамчун Шаҳобуддин Умари Сӯҳравардӣ бар дониши хеш афзуд.
Устоди сухани порсӣ пас аз он ба фарогирии улуми роиҷи он замон чун торих, сираи набавӣ ва фанни хитоба пардохт ва барои касби таҷриба ба шаҳрҳои Ироқ, Шом, Ҳиҷоз, Макка, Байтулмуқаддас, Тароблус ва Димишқ рафт ва саранҷом дар ҳангоми ҳукумати Атобак Абӯбакр ибни Саъд ба диёри хеш бозгашт ва ба халқи осори арзишманди «Бӯстон» ва «Гулистон» ҳиммат гумошт.
Китоби «Бӯстон» дар 10 боб ва дар қолиби маснавӣ навишта шудааст ва матлабҳои он баёнгари дуруст зистан, дурӣ аз хашм, ҳамдилӣ ва шарик шудан дар дардҳои дигарон ба манзури расидан ба камол ба шумор меравад. «Гулистон» низ дар як дебоча ва 8 боб бо насри мусаҷҷаъ (оҳангин) ба ҳамроҳи орояҳои зебои адабӣ ва насиҳатҳои ахлоқӣ нигошта шудааст. «Куллиёт», «Мавоъиз», «Соҳибия», «Қасоиди Саъдӣ», «Маросии Саъдӣ», «Муфрадоти Саъдӣ», китоби «Насиҳатул-мулук», «Рисола дар ақлу ишқ», «Алҷавоб», «Маҷолиси панҷгона» ва «Ҳазлиёти Саъдӣ», аз дигар асарҳои ин сухансаройи номӣ маҳсуб мешавад.
Ӯ бо баёне ширин ва маҳорате васфнашуданӣ таҷрибаҳои талху ширини хешро дар ҳикоятҳо ва шеърҳои худ баён ва бад-ин гуна афродро барои бархӯрдорӣ аз зиндагии саодатмандона ба хубӣ роҳнамоӣ ва ҳидоят мекунад. Саъдӣ тамоми осори хешро дар қолибҳое ҳамчун қасида, рубоӣ, ғазал ва маснавӣ ба сурате содда ва бетакаллуф суруд ва ишқу шӯру шавқро дар ғазал ба хубӣ матраҳ кард ва бад-ин шакл тасвири навине аз ғазалсаройӣ ба василаи ӯ оғоз шуд ва дар замони Ҳофиз ба такомул расид.
Нуктаҳои дастурӣ, унсури вазн ва мусиқӣ дар осори Саъдӣ ба сурати комил риоят шудааст ва эҷоз (хулосагӯӣ) дар шеър ва каломи ин шоири вораста нақши вижае дорад. Ӯ аз мусиқӣ ва авомили мусиқисоз дар сабк ва забони шеърҳояш баҳра меҷӯяд ва орояҳои адабӣ ҳамчун ҷинос, воҷоройӣ, такрори калимаҳо, такяҳои муносиб, мувозанаҳои ҳамоҳанг ва лаффу нашрҳои мураттаб (печиш ва густариш)-ро ба гунае ҳунармандона ба кор мебарад. Хонанда дар шеъри ин адиби барҷаста, пеш аз он ки мутаваҷҷеҳи санъатҳои адабии ба кор рафта шавад, ҷазби зебоӣ, ҳамоҳангӣ ва латофати сурудаҳо хоҳад шуд.
Танз ва зарофат низ ҷойгоҳи вижае дар сохтори сабки осори Саъдии Шерозӣ дорад, албатта хостгоҳи ин танз ба навъи нигоҳ ва тафаккури ин шоир бозмегардад. Танзи вай саршор аз руҳи ҳаёт ва сарзиндагӣ аст ва ӯ ба ёрии ин орояҳои адабӣ хушкиро аз каломи худ дур месозад, пӯёиро ба он бозмегардонад ва инчунин каломи хешро асаргузор месозад.
Ҷойгоҳи Саъдӣ дар миёни бузургони адаби ҷаҳон ончунон арзишманд аст, ки афроди бисёре ин шоири бузургро мавриди ситоиш қарор додаанд. Аз ин миён Эрнест Ренон (Ernest Renan), забоншинос ва нависандаи фаронсавӣ, дар бораи Саъдӣ мегӯяд: «Саъдӣ воқеан яке аз нависандагони мост. Завқи салим ва тазалзулнопазири ӯ, лутф ва ҷазабае, ки ба ривоёташ руҳу ҷон мебахшад, лаҳни сухрияомез ва пуръутуфате, ки бо он маъойиб ва мафосиди башариятро гӯшзад мекунад, ин ҳама авсоф, ки дар нависандагони шарқӣ ба нудрат ҷамъ меояд, ӯро дар назари мо азиз медорад.»
Борби Де Минор (Barbier de Meynard), мутарҷими «Бӯстон»-и Саъдӣ ба забони фаронсавӣ, дар бораи нуфузи вай дар Урупо унвон кардааст: «Аз тамоми гӯяндагони шарқӣ Саъдӣ танҳо шоире аст, ки мавриди дарк ва дарёфти урупоиён қарор гирифта ва иллати ин ифтихор ва эътибори ӯ ин амр ба шумор меравад, ки Саъдӣ дар «Гулистон» ҷомеъи тамомии сифоте баршумурда мешавад, ки зебошиносии навин хостори он аст.»
Ин сухансаройи бузург солҳои поёнии умри арзишманди худро дар хилват сипарӣ кард ва ба навиштани сурудаҳои дилнишини хеш идома дод ва саранҷом дар нимаи дуввуми садаи ҳафтуми ҳиҷрии хуршедӣ ба диёри Ҳақ шитофт.
Ду ҳикоят аз Гулистон
Ҳикоят
Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар ҳолати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд.»
Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
* * *
Изо яисал-инсону тола лисонуҳу,
Касиннавир мағлубин ясулу алал-калби.
Тарҷумаи байт:
Одамиро ба гоҳи навмедӣ забон дароз гардад,
Чун он гурба, ки ба вақти шикаст бар саг битозад.
Малик пурсид:
— Чӣ мегӯяд?
Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт:
— Эй худованд, ҳамегӯяд: Вал-козиминал-ғайз вал-ъофина ъанин-нос (тарҷумааш: Пӯшандагони ғазаб ва бахшояндагони гуноҳи мардум).
Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт.
Вазири дигар, ки бар зидди ӯ буд, гуфт:
— Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.
Малик аз ин сухан рӯй дарҳам овард ва гуфт:
— Маро он дурӯғ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хабосате ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғе маслиҳатомез беҳ, ки аз росте фитнаангез.»
Ҳар кӣ шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,
Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.
Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас!
Макун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.
* * *
Ҳикоят
Яке аз мулуки Хуросон Маҳмуди Сабуктагинро ба хоб чунон дид, ки ҷумла вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуд, магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард. Соири ҳукамо аз таъвили он фурӯ монданд, магар дарвеше, ки хидмат ба ҷой оварду гуфт: Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст.
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд,
К-аз ҳастияш ба рӯи замин-бар нишон намонд.
В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок,
Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд.
Зинда-аст номи фаррухи Нӯшервон ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нӯшервон намонд.
Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр
З-он пештар, ки бонг барояд, фалон намонд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: