Шаҳодати ҷонишини фармондеҳи Қассом дар ҷануби Лубнон

Шаҳодати ҷонишини фармондеҳи Қассом дар ҷануби Лубнон
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Ҷонишини фармондеҳи гурдонҳои Қассом, дар ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон, ба шаҳодат расид.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), дар баёнияе эълом кард, ки фармондеҳи ҷиҳодии бузург Ҳоҷӣ Халил Ҳомид ал-Харроз маъруф ба Абӯхолид, ба ҳамроҳи 3 нафар муборизи дигар дар ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ дар ҳангоми анҷоми вазифаи ҷиҳодӣ дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расиданд.
Манобеъи хабарӣ эълом карданд, ки 3 шаҳиди дигар: Абӯбакр Аваз, Халдун Миновӣ ва шайх Саъид Зиновӣ аз шаҳри Тароблус дар шимоли Лубнон ҳастанд.
Режими саҳюнистӣ бо як паҳпод, худрави Rapid-и сафедрангро дар ҷодда миёни Алшаъития ва Алқалилия дар устони Сур воқеъ дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор дод, ки Ал-Харроз ва се ҳамроҳи дигари савор он буданд.
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кӯмаки 97 миллиард тумонии мардуми Эрон ба Ғазза
Зиндагии шоду солим

Матолиби пурбоздид