Шукрона

Шукрона
Шукрона, шукргузорӣ, сипосдорӣ ва қадршиносӣ, мисли сабру шикебоӣ аз мафҳумҳои бисёр олӣ дар фарҳанги исломӣ ба шумор меоянд, вале чун дуруст фаҳмида нашудаанд ва ё дар ҷояш ба кор гирифта намешаванд, аз ин рӯ бори манфӣ пайдо кардаанд. Ва ин дар ҳолест, ки шукр худаш як мақом аст дар ислом; мақоме бисёр олӣ, ҳамчунонки сабр як мақом аст. Дар Қуръони Карим ба шукргузорӣ ташвиқ ва аз шукргузорон ситоиш ба амал омадааст.
Барои фаҳми дурусти мақоми шукр, дар зер намунае аз шукргузории як банда нисбат ба парвардигорашро меоварам, то бидонем, шукр чист ва куҷо бояд ба кор гирифта шавад. Беҳтарин ҷойгоҳи шукргузорӣ ҷойгоҳи саҷда аст, ки банда сар ба саҷда ниҳад ва ин гуна бо Худояш замзама кунад:
Худоё! Туро шукр мегузорам, ки маро офаридӣ ва маърифату шинохтатро насибам гардонидӣ, то аз мункирони ту набошам.
Худоё! Туро шукр мегузорам, ки аз неъмати ибодат ва парастишат баҳрамандам сохтӣ, то сарамро танҳо дар баробари ту ба саҷда ниҳам, на одамҳое мисли худам!
Худоё! Туро сипос мегӯям, ки маро аз афроде қарор надодӣ, ки ё аз сари тарс ва ё ба тамаъи чор танга пули ночизи дунё, дар баробари одамоне мисли худашон сар хам мекунанд ва таъзимашон менамоянд!
Худоё! Туро шукр мекунам, ки маро озода офаридӣ ва танҳо бандаи худ сохтӣ, то занҷири ғуломӣ ва бардагии афроде мисли худамро бар гардан нагузорам!
Худоё! Туро сипос мегӯям, ки аз неъмати муқовимат ва истодагӣ дар баробари зӯргӯён ва ситамгарон ва ноҷавонмардон баҳрамандам сохтӣ ва чунонам кардӣ, ки истодагӣ дар баробари золимон, бо он ҳама ранҷе, ки дорад, бароям ширинтар аз асал бошад!
Худоё! Туро шукр мегӯям, ки чунонам кардӣ, ки ба сӯйи аҳаде ғайр аз худат дасти ниёз дароз накунам!
Худоё! Туро сипос мегӯям, ки мурдан бо сари баланд, бароям сазовортар аз зинда мондан бо сари хам бошад!
Худоё! Туро сипос мегӯям, ки маро ба дини ҳаққат, ки Ислом бошад ошноям сохтӣ; бо Қуръони Карим, ки китобат бошад огоҳам сохтӣ; бо ашрафи махлуқот ва фиристодаи барҳаққат, ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бошад ва низ аҳли байти он азиз ошноям сохтӣ, то онҳоро улгу ва сармашқи худ дар зиндагӣ қарор бидиҳам!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дабир бояд…
Тоҷикистон ва Покистон – ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ

Матолиби пурбоздид