Эрон аз оташбас байни Русия ва Украина ҳимоят мекунад
Ахбори минтақа
Рӯзи чоршанбе, Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, ки ба Теҳрон сафар кардааст, бо Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ доштааст.
Тибқи гузоришот, дар ин мулоқот, оқои Шамхонӣ таъкид кардааст, Эрон аз ҳар гуна ибтикоре барои оташбас ва сулҳ байни Русия ва Украина ҳимоят мекунад.
Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия низ дар мавриди буҳрони Украина гуфт, императории расонаии ғарб аз ибтидо бо ворунанамоии ҳақоиқ, талоши густардаеро барои эҷоди инҳироф дар афкори умумии ҷаҳонӣ нисбат ба чигунагии оғози буҳрони Украина ва воқеиятҳои майдонии он дар дастури кори худ қарор додааст.
Эъломи омодагии Эрон барои нақшофаринӣ ба манзури поёни ҷанги Русия ва Украина бо тавваҷуҳ ба мавзеи усулии Теҳрон дар ин замина сурат гирифтааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн