Эрон: Ҳамалот ба Ғаззаро мутаваққиф кунед!

Эрон: Ҳамалот ба Ғаззаро мутаваққиф кунед!
Ҳушдори вазири хориҷаи Ҷ И Эрон ба саҳюнистҳо ва Омрико: “То дер нашуда, ҳамалот ба Ғаззаро фавран мутаваққиф кунед!”
Вазири умури хориҷаи Ҷ И Эрон, дар вокуниш ба даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ, хитоб ба саҳюнистҳо ва ҳомиёнаш аз ҷумла Омрико, бо баёни ин ки вуҷуди нови ҷангӣ тамомкунанда нест ва вуҷуди иродаи фаластинӣ тамомкунанда аст, хостори таваққуфи фаврии ҳамалот ба Ғазза шуд.
Амирабдуллоҳиён имрӯз (ҷумъа, 1 декабр) дар шабакаи иҷтимоии Х, бо баёни ин ки роҳи ҳалл ҷуз истимрори оташбас ва ирсоли густурдаи кӯмакҳои инсонӣ дар Ғазза ва тавофуқ бар сари табодули асирони тарафайн нест, тасреҳ кард: “Асирон бо ҷанг озод намешванд, балки дар бомбборонҳо кушта мешаванд.”
Вазири хориҷаи Ҷ И Эрон, истимрори ҷанги Омрико ва режими саҳюнистиро наслкушии ҷадид дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ хонд ва ёдовар шуд: “Гӯё онон ба паёмадҳои сахти бозгашт ба ҷанг фикр намекунанд.”
Амирабдуллоҳиён, ки пеш аз ин низ нисбат ба густариши доманаи ҷанг дар минтақа ҳушдор дода буд, бо ишора ба эъзоми новҳои ҷангии Омрико ба минтақа ва ҳамчунин нови ҷангии ахире, ки Ангилис ба минтақа гусел кард, афзуд: “Вуҷуди нови ҷангӣ тамомкунанда нест, вуҷуди иродаи фаластинӣ тамомкунанда аст.”
Вазири умури хориҷаи Ҷ И Эрон хитоб ба режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба вежа Омрико тасреҳ кард: “То дер нашуда, ҳамалот ба Ғаззаро фавран мутаваққиф кунед!”
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷ И Эрон, Носир Канъонӣ ҳам пеш аз ин, ба ин ҳамалот вокуниш нишон дод ва масъулияти сиёсӣ ва ҳуқуқии тадовуми таҷовуз ва истимрори куштори сабуъонаи мардуми ‎Фаластинро, илова бар ҷинояткорони режими саҳюнистӣ, бар ӯҳдаи давлати Омрико ва чанд давлати маъдуди ҳомии ин режими опортойд хонд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзона мутолиа дошта бошем
Ансоруллоҳи Яман: “Амалиёти худро алайҳи Исроил густариш хоҳем дод”

Матолиби пурбоздид