Эъломи омодагии комили Эрон

Эъломи омодагии комили Эрон

Ахбори байналмилал

Мақоми олирутбаи эронӣ ба Алҷазира: “Дар бораи хуруҷи ураниум бо ғинои боло аз кишвар, музокира нашуда

 Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон комилан омода ҳастанд”

Шабакаи қатарии Алҷазира ба нақл аз як мақоми олирутбаи эронӣ эълом кард: “Музокирот дар ҳоли баррасии ӯҳдадориҳои ҳастаии мо, ӯҳдадориҳои Вошингтун ба лағви таҳримҳо ва ҳамкории иқтисодӣ аст.”

Ин мақоми эронӣ гуфт: “Мавзӯи хуруҷи захоири ураниуми ғанишуда бо хулуси болои Эрон, дар музокирот мавриди баҳс қарор нагирифтааст.”

Вай афзуд: “Сӯҳбат аз вогузории маъодин ва маёдини нафтӣ ба Вошингтун матраҳ нашуда ва ғайримантиқӣ аст.”

Ин мақоми эронӣ изҳор дошт: “Интизори муваффақияти 100 дарсадии музокирот иштибоҳ аст; бояд воқеъбин бошем.”

Алҷазира ба нақл аз ин мақоми эронӣ гуфт: “Тасмим барои шурӯъи музокирот бо мо буд ва идомаи он бо тарафҳо ва мутобиқ бо барномаҳои пешниҳодӣ дар ҳоли ҳамоҳангӣ аст.”

Вай таъкид кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи мо комилан омода ҳастанд.”

Мақоми мазкур тасреҳ кард: “Раванди музокира ҷудо аз омодагии мо барои ҳар гуна таҷовуз аст ва ҳар гунаи рӯёрӯӣ манофеи Вошингтун дар минтақаро ҳадаф қарор хоҳад дод.”

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: Даври баъдии музокирот аввалҳои март
Номовари ношинохта

Матолиби пурбоздид