Эъломи ҳимояти Толибон аз Эрон
Изҳороти Толибон дар ҳимоят аз Эрон дар сурати таҷовуз
Ахбори байналмилал
Ҳукумати Толибон эълом кардааст, ки дар сурати ҳар гуна таҷовуз ё ҳамла алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.
Ба иттилои манобеи расонаӣ, мақомоти Толибон бо баёни ин мавзеъ таъкид намудаанд, ки онҳо мухолифи ҳар гуна таҷовуз ва дахолати хориҷӣ дар умури кишварҳои минтақа мебошанд ва ҷонибдори ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии кишварҳои исломӣ ҳастанд.
Дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, ки амнияти минтақавӣ бояд аз роҳи ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дурӣ аз истифодаи зӯр таъмин гардад. Толибон таъкид кардааст, ки бесуботсозии кишварҳои минтақа метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти умумӣ дошта бошад.
Ин мавзеъгирӣ дар шароите баён мешавад, ки дар моҳҳои ахир танишҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа афзоиш ёфта ва изҳороти тарафҳои гуногун таваҷҷуҳи густардаи расонаҳои байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













