Эътирофи Борис Ҷонсон ба дуздии амволи Эрон тавассути Бритониё

Эътирофи Борис Ҷонсон ба дуздии амволи Эрон тавассути Бритониё

Ахбори байналмилал

Эътирофи нахуствазири пешини Ангилис ба дуздии амволи Эрон тавассути Бритониё

Ба гузориши Тобнок

Борис Ҷонсон, нахуствазири пешини Бритониё, дар изҳороте ҷолиб, ба гузаштаи таърихи равобити Бритониё бо Эрон ишора кард ва гуфт, ки Бритониё бадеҳии бузурге ба Эрон дошт. Ин бадеҳӣ ба фурӯши тонкҳои Chieftain ба шоҳи Эрон дар соли 1979 марбут мешуд, ки ҳаргиз таҳвил дода нашуд.

Ҷонсун гуфт: “Шоҳи Эрон барои тонкҳо маблағи 400 миллион фунт стерлинг пардохт карда буд, аммо пас аз инқилоб, тонкҳо ба Эрон таҳвил дода нашуд ва бархе аз онҳо ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Саддом Ҳусайн фурӯхта шуд… Пас мо пулро доштем, тонкҳоро доштем, ҳамон тавр, ки гуфтем, мо ҳамон шутурро ду бор фурӯхтем, ин як равиши бритониёии классик аст. Мисли коре, ки бо Фаластин кардем. Аммо натиҷа ин шуд, ки мо аз назари ахлоқӣ муваззаф ба пардохти бадеҳии Эрон будем”.

Тобнок менависад, албатта Ҷонсон ишора намекунад, ки Бритониё дар ниҳоят дар изои озодии зиндониҳои бритониёӣ дар Эрон, ба зӯр ҳаққи мардуми Эронро дод ва асосан ба далоили “ахлоқӣ” ин пул дода нашуд, балки ба зӯр пас дода шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бидон куҷо ҳастӣ
Мувозиби ҳарф заданамон бошем

Матолиби пурбоздид