Эҷоди муҳаббат дар хонавода

Эҷоди муҳаббат дар хонавода

Хонавода конунест, ки фардро сохта, парвариш дода ва ба ҷомеа таҳвил медиҳад. Фард агар дар хонавода хуб тарбият ёбад, қатъан дар ҷомеа низ асари босазо ва рафтори хуб аз худ нишон хоҳад дод, ва ин, баёнгари бунёни хонавода ва арзиши хонаро нишон медиҳад.

Аз ҳамин сабаб ислом ба ин мавзӯъ аҳаммият дода, афродро дар ташкил, эҷод, таълим ва тарбияти хонавода тавсияҳое намудааст, ки ҳар кадом аз тавсияҳо буҳронҳои имрӯзи ҷавомеи башариро ҳадаф гирифтааст. Агар ба дастуроти исломӣ дуруст амал шавад, қатъан буҳронҳои рӯҳӣ, маънавӣ, моддӣ, хонаводагӣ ва ғайра ҳаргиз по ба арсаи ҳаёт нахоҳанд гузошт. Бинобар ин, бузурге фармудааст, ки: “Зиндагӣ маънои Қуръон асту бас”.

Дар ин мақола мо бар онем, ки омилҳои эҷоди ишқ дар хонаводаро аз дидгоҳи ривоёт баррасӣ намуда, баён кунем, то касоне ки мехоҳанд конуни хонаводаи худро гарм нигоҳ доранд ва ба дур аз буҳронҳо бошанд, онро ба зиндагии худ татбиқ дода, ба он амал намоянд. Умед аст, ки дар зери амал ба дастуроти ислом, ба саодат ноил шавем.

Омилҳои эҷоди муҳаббат дар хонавода дар аҳодиси исломӣ

Дар ривоёт, дар мавриди ишқ варзидан ба хонавода, аҳодиси бисёре омадааст, ки ҳокӣ аз аҳаммияти ин амр дорад. Бинобар ин, мо онҳоро яко-як баррасӣ намуда, баён медорем. Инак ин аҳодис:

  1. Имон, меҳвари муҳаббат:

“Ҳар кас ба хотири Худо дӯст бидорад ва ба хотири Худо душман бидорад ва ба хотири Худо ато кунад, аз касоне аст, ки имонаш комил шудааст”. (Дорус салом, ҷ 3, саҳ.326)

Дар ривоят аст: “Агар хостӣ бидонӣ дар ту хайре ҳаст, ба дилат нигоҳ кун, ки агар фармонбардорон (-и дастуроти илоҳӣ)-ро дӯст дорад ва аз аҳли маъсияти Худо бадаш меояд, дар ту хайре ҳаст ва Худованд туро дӯст дорад. Вале агар аз аҳли итоат бадаш меояд ва аз аҳли маъсият хушнуд аст, пас бидон, ки ҳар касе бо дӯсти худ хоҳад буд”, яъне дар қиёмат дӯст бо дӯст аст.

Ва низ омадааст: “Ҳар кас ки меъёри муҳаббат ва душмании ӯ дин набошад, дин надорад”.

Агар касе шавҳар ва ё ҳамсари мӯъмин ва ботақвое дорад, ки Худованд ӯро дӯст медорад, бояд ҳамсари худро дӯст бидорад; зеро имон барои мӯъмин бартарин фазилат аст ва ҳаргиз наметавонад ҳеҷ фазилате ҷонишини имон гардад.

  1. Муҳаббат, муҳаббат меоварад:

“Бо дӯстӣ, муҳаббат муҳкам мешавад”, – яъне барои пайдо кардани дӯст ва дӯст кардани ҳамсар ва дигарон, аз худатон шурӯъ кунед, саъй кунед дӯстӣ кунед, то ӯ ҳам бо шумо дӯст шавад.

  1. Эҳсон ва некӣ, муҳаббат меоварад:

“Бо эҳсону хидмат дилҳоро мешавад молик шуд”, ва дар ҳадиси дигаре омада: “Бо эҳсон ва некӣ мешавад афродро харид ва банда кард”.

Оре, фитрат ва сиришти инсон ба гунае аст, ки вақте ба ӯ эҳсон ва некӣ шавад, маҷзуб мешавад ва унс мегирад.

Барои эҳсон ва некӣ чи касе беҳтар аз наздиктарин афрод дар зиндагӣ, ки ҳамон хонавода ва ба хусус ҳамсарамон аст.

  1. Изҳори муҳаббат, муҳаббат меоварад:

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд: “Мард вақте ба занаш бигӯяд дӯстат дорам, ин сухан ҳаргиз аз дили ӯ берун намеравад”.

  1. Чеҳраи кушода ва хандон:

“Рухсори некӯ аввалин ҳадя ва роҳаттарин бахшиш аст”, ва ҳамчунин омадааст: “Чеҳраи гушодаи ту аввал некии туст ва далолат бар бузургвории ту мекунад” ва низ овардааст: “Чеҳраи боз оташи душманиро хомӯш мекунад”, ва ҳамчунин ворид шудааст: “Чеҳраи боз ва кушода ресмони муҳаббат аст”, ва низ фармуда: “Кори нек ва чеҳраи боз муҳаббат меоварад ва инсонро ба биҳишт мерасонад” ва фармуда: “Чеҳраи гушода равиши ҳар озода аст.”

  1. Даст додан, муҳаббат меоварад:

Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Ба якдигар даст бидиҳед, ки муҳаббатро зиёд мекунад.”

Ва ҳам дар ривоят аст: “Ба якдигар даст бидиҳед, ки кинаро аз байн мебарад.”

Вақте яке аз ҳамсарон вориди хона мешавад, ҳадди ақали иртиботе ки метавон барқарор кард, даст додан бо чеҳраи боз аст.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба эҳтимоли зиёд, зарфи чанд ҳафта Вошингтун ва Теҳрон ба тавофуқи ҳастаӣ хоҳанд расид
Таълиму тарбият дар ислом – II

Матолиби пурбоздид