ЮНЕСКО зодрӯзи Аллома Таботабоиро дар радифи бузургтарин файласуфони ҷаҳон ҷашн мегирад

Фарҳанг

ЮНЕСКО зодрӯзи Аллома Таботабоиро дар радифи бузургтарин файласуфони ҷаҳон ҷашн мегирад

Ахбори фарҳангии Ҷаҳони Ислом

Созмони илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) тибқи мусаввабаи нави худ, номи Аллома Сайид Муҳаммад Ҳусайн Таботабоиро — ориф, муфассир, ҳаким ва файласуфи барҷастаи қарни XX — дар канори бузургтарин мутакаллимону файласуфони таърих, аз ҷумла Суқрот, Афлотун, Арасту, Ибни Сино ва Ҳегел қарор дод.

Бар асоси ин тасмим, зодрӯзи Аллома Таботабоӣ аз ин пас дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони рӯзи бузургдошти яке аз фалосифа ва ҳукамои маъруфи башарият таҷлил хоҳад шуд.

ЮНЕСКО бо ин иқдом ҷойгоҳи илмӣ, фалсафӣ ва инсондӯстонаи ин андешманди исломиро дар арсаи ҷаҳонӣ расман эътироф кард — чеҳрае, ки бо осори мондагори худ, аз ҷумла тафсири «Ал-Мизон», нақши амиқе дар тавсеаи андешаи исломӣ ва фалсафаи муосир боқӣ гузоштааст.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Молдова қарордоди сафарҳои бе раводид бо кишварҳои ИДМ-ро лағв мекунад
Тромп аз тафоҳум байни Исроил ва Сурия хабар дод

Матолиби пурбоздид