Яке аз раҳбарони Ҷиҳоди Исломии Фаластин: “Музокироти оташбас бидуни натиҷа поён ёфт”
Ахбори байналмилал
Агарчи дар хабарҳо гузориш дода будем, ки ба эътирофи намояндагони Амрико, музокироти оташбас дар Ғазза пешрафти хубе доштааст, аммо яке аз раҳбарони Ҷиҳоди Исломии Фаластин мегӯяд, музокирот бидуни натиҷа поён ёфт.
Муҳаммад ал-Ҳиндӣ, муовини дабири кулли Ҷиҳоди Исломии Фаластин, аз бенатиҷа шудани музокироти Дуҳа ба далели коршиканӣ ва вақткушии нахуствазири режими Исроил хабар дод ва таъкид кард, ки тими гуфтугӯкунандаи Бенёмин Натонёҳу ихтиёроте аз худ надорад.
Қаламонлайн