Яман: “Пойгоҳи “Наватим”-ро бо мушаки фаросавт ҳадаф қарор додем”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Пойгоҳи “Наватим”-ро бо мушаки фаросавт ҳадаф қарор додем”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард, ки артиши ин кишвар пойгоҳи ҳавоии “Наватим”-и артиши режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.
Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз ҳамлаи ҷадиди артиши ин кишвар ба сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ҷамъи садҳо ҳазор аз таҷаммӯъкунандагони яманӣ баён кард: “Тайи амалиёти низомӣ пойгоҳи ҳавоии “Наватим”-и душмани исроилӣ дар минтақаи Нақаб воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор додем.”
Сареъ афзуд: “Ин амалиёт бо мушаки болистики фаросавти “Фаластин-2” ба иҷро даромад ва ба лутфи Худованд ҳадафи худро бо муваффақият муҳаққақ кард.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: “Амалиёти мо танҳо бо таваққуфи таҷовуз ба навори Ғазза, рафъи муҳосираи он ва таваққуфи таҷовуз ба Лубнон мутаваққиф хоҳад шуд.”
Қаламонлайн