Яҳё Синвор хитоб ба музокиракунандагон: “Кӯтоҳ наёед! Мо комилан омодаи набард дар Рафаҳ ҳестем!”

Яҳё Синвор хитоб ба музокиракунандагон: “Кӯтоҳ наёед! Мо комилан омодаи набард дар Рафаҳ ҳестем!”

Ахбори байналмилал

Рӯзномаи Раъюл-явм навишт: Раҳбарони муқовамат дар Ғазза, бо ирсоли паёмҳое ба музокиракунандагони Ҳамос иттилоъ додаанд, ки омодагии комил барои набард дар Рафаҳ доранд ва онҳо набояд имтиёзе бидиҳанд.

Бар асоси ин гузориш, таҳдидҳои режими саҳюнистӣ барои ҳамла ба Рафаҳ, таъсире бар раванди омодагии бузурги майдонии гурӯҳҳои муқовамат дар Ғазза бавижа дар ҷануб надошта ва тими сиёсии муқовамат омодаи рӯёрӯии пеши рӯ дар заминаи таҳаррукоти миёнҷигароёна ва музокирот аст.

Ин расона навишт: Муқовамат аз музокиракунандагон хоста, ки ҷанги Рафаҳро ба манзилаи шабаҳи бузург надонанд. Яҳё Синвор – раҳбарм Ҳамос дар Ғазза ва Муҳаммад Зайф – фармондеҳи кулли гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, аз омодагии комил барои ҳар сенориюи низомӣ дар Рафаҳ хабар дода ва хотири музокиракунандагонро роҳат кардаанд.

Ин ду фармондеҳ аз музокиракунандагон хостаанд, ки имтиёзе дар қиболи мамониат аз набарди Рафаҳ надиҳанд.

Раъюл-явм идома дод: Изҳороти Халил Ҳайя, аз раҳбарони Ҳамос низ дар ин росто анҷом шуд, ки гуфт, гурдонҳои низомӣ омодагии комил барои набард доранд.

Ин расона изофа кард: Раванди авзоъ аз омодагии комили муқовамати Фаластин барои набард дар Рафаҳ ва низ набард дар Хон-Юнус ва шимоли Ғазза ҳикоят дорад ва душман дар таҳдидоташ барои амалиёти низомии густурда дар Рафаҳ ва атрофи он муболиға мекунад.

Ба навиштаи Раъюл-явм, маҳофили дохилии муқовамат, ба иттилои раҳбарони хориҷ аз Ғазза расондаанд, ки набарди Рафаҳ набарде нест, ки сахт ё тарснок ба назар бирасад. Размандагони муқовамат комилан омода ҳастанд бавежа он ки таҷрибаи майдонӣ касб кардаанд. Дар воқеъ фармондеҳони муқовамат дар Ғазза бо расондани паёми омодагӣ ба раҳбарони хориҷ, ба дунболи ин ҳастанд, ки монеъ аз ҳар гуна имтиёздиҳии гуфтугӯкунандагон дар баробари фишорҳои ворида ва чумоқе ба номи набарди Рафаҳ, шаванд.

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки Муҳаммад Наззол, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ҷумъашаб таъкид кард: Таҳдиди режими саҳюнистӣ барои ҳамла ба Рафаҳ моро нахоҳад тарсонд ва мӯҷиб нахоҳад шуд, ки аз ҳуқуқи миллатамон ақибнишинӣ кунем.

Наззол таъкид кард: Исроил бидонад бо таҳдид кардан ва раҷазхонӣ дар заминаи ҳамла ба Рафаҳ, ҳаргиз ба онон боҷ нахоҳем дод.

Вай идома дод: Музокироти ғайримустақим бо режими саҳюнистӣ ба хотири лаҷбозии Натонёҳу ба бунбаст расидааст.

Наззол дар бахши дигаре аз суханонаш ҳар гуна дарёфти пешниҳоди ҷадид ба сурати расмӣ тавассути Ҳамосро рад кард ва афзуд, ки ин гурӯҳ аз ҳар гуна дархост ва пешниҳоди ҷиддӣ дар мавриди музокирот истиқбол мекунад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарнагунии паҳподи омрикоӣ ва ҳамла ба киштии ангилисӣ аз сӯйи Ҳусиҳои Яман
Мавҷи истеъфои мақомоти низомии саҳюнист

Матолиби пурбоздид