Ёдат мекунам

Адаб
Ёдат мекунам
Лоиқ Шералӣ
Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам,
Барги гул чун бӯйи ту овард, ёдат мекунам.
Дарди ишқат мард буду қисматам номард буд,
Ман ба қасди қисмати номард ёдат мекунам.
Ишқи ту дар сурати ашъори дардолуди ман,
Мисраъе гар дар диле парвард, ёдат мекунам.
Ман агар нозукписандам, аз назокатҳои туст,
Бар сари гул гар нишинад гард, ёдат мекунам.
Гармию сардии дунёро зи ишқат дидаам,
Зери ин гардуни гарму сард ёдат мекунам.
Ҳар куҷое ҳам ки бошӣ, дур аз ман нестӣ,
Бо алам, бо доғи дил, бо дард ёдат мекунам.
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар ёди ту номам…
Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр

Матолиби пурбоздид