Қарордоди аҷиб, ки арабҳоро муқобили Исроил заиф кард

Қарордоди аҷиб, ки арабҳоро муқобили Исроил заиф кард
Ба гузориши хабаргузории Форс, яке аз ҷиддитарин мавзӯъҳое, ки ҳамвора зеҳнҳоро даргири худ сохтааст, ин буда, ки чӣ гуна кишварҳои минтақа ва милали араб, бо ҳаҷми болои нерӯи инсонӣ ва ҳатто бо доштани тавони низомии боло, аз рӯёрӯӣ бо Исроил ҳарос доранд?

Ҳатто дар замони кунунӣ ва даврони пас аз “Тӯфон ал-Ақсо” мо шоҳиди он ҳастем, ки кишварҳои Ховари Миёна аз рӯёрӯии ҷиддӣ бо режими саҳюнистӣ навъе худдориро дар дастури кор қарор медиҳанд.
Шакли имрӯзии минтақаи ғарби Осиё, натиҷаи қарордодест, мавсум ба “Сайкс-Пико”, ки соли 1916 байни Англис ва Фаронса барқарор шуд. Дар ин тарҳ, нақши иқтисодии ҳар кадом аз кишварҳо бояд мутаносиб бо мавқеияти ҷуғрофиёиашон дар назми хос таъйин мешуд. Бо сар баровардани Исроил дар минтақа, аъроб низое тӯлонӣ бо ин режимро оғоз карданд, аммо то кунун амалан коре аз пеш набурдаанд.
Сайидбоқир Набавии Солис, фаъоли расонаӣ дар ҳавзаи муқовамати исломӣ, ин масъаларо аз ин назар тарҳ мекунад, ки чӣ гуна бо назми иқтисодии рақамхӯрда пас аз Сайкс-Пико, кишварҳои минтақа тавоноии рӯёрӯӣ бо режими саҳюнистиро аз даст додаанд.

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Cуханони муфаттиши ШОБОК дар бораи Синвор
Сарони Исроил дучори бемории равонӣ ва бемории ахлоқӣ шудаанд

Матолиби пурбоздид