Қаҳрамони истиқлол

Таҳлили хабарӣ

Қаҳрамони истиқлол

Ёддошти Додоҷон Атовуллоев

ҚАҲРАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

барои понздаҳ мамлакат ва Аврупои Шарқӣ

Дар таърих ба ҳаққи ононе, ки навсозӣ мекунанд, ҷафо андар ҷафо шудааст. Аз паёмбарон то роҳбарони ҳаракатҳои озодихоҳӣ. Яке аз онҳо президенти охирини СССР Михаил Горбачев аст.

Маҳз ӯ бо сиёсати ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ сарпӯши деги худкомагиро бардошт. Ду вожаи русии «перестройка» ва «гласность» вожаҳои байналмилалӣ гаштанд. Дар шашяки рӯи замин боди озодӣ вазид. Мардум ба гуруснанишинию митингҳо даст заданд.

Бо қарори махсуси Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ барои таъсиси ҳизбҳои гуногун, расонаҳои мустақил, созмонҳои ҷамъиятӣ, тиҷорати хурд иҷозат дода шуд. Аз таъсиси маҳфили «Рӯ ба рӯ» то ҳизби демократӣ, аз «Чароғи рӯз» то ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон ин ҳама ба шарофати Михаил Горбачев буд. Депутати халқии СССР шудани Лоиқ Шералӣ, Давлат Худоназаров, Гулрухсор инчунин. Дар порлумони Тоҷикистон роҳ ёфтани Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Сафаралӣ Кенҷаев (он замон дар мухолифат бо ҳукумат қарор дошт), Тоҳири Абдуҷаббор ҳам.

Дар зимн, дар охирин порлумони даврони Горбачев ман ҳам ба депутатӣ пешниҳод шуда будам. Ҳарифонам котиби райкоми Панҷекат, прокурори вилояти Ленинобод ва ёвари Қаҳҳор Маҳкамов – котиби якуми ҲК Тоҷикистон буданд. Дар даври дуюми интихобот ману ёвари Қаҳҳор Маҳкамов мондем. Бо фиребу найранг гӯё ёвари Маҳкамов пирӯз шуд.

Ҳукумати вақт ва элитаи сиёсии Хуҷанд ба тамоми пастиҳо даст заданд, ки як «журналисти ҷавони саркаш» ба парлумон роҳ наёбад.

Охири соли 1992 ман бо кӯмаки Мақсуд Икромов – шаҳрдори номдори Душанбе аз Душанбе рафтам. Гуфта будам: то соли нав бармегардам, аммо намедонистам, ки беш аз сӣ соли нави ман дар ғурбат мегузарад.

Аввали соли 1993 дар шумораи дуюми «Новая газета» дар ҳаҷми як саҳифаи А-2 мусоҳибаи ман бо сарлавҳаи «Неизвестная война на Памире» дарҷ гардид, ки нахустин тафсилоти васеъ дар боби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд.

Рӯзе ки ин мусоҳиба чоп шуд, дар Теҳрон будам. Аз «Новая газета» хабар доданд, ки мусоҳиба дар салонҳои сиёсии Маскав шӯре барангехтааст.

Президенти собиқи СССР – Михаил Горбачёв телефон карда гуфтааст, ки «нав дарёфтам, ки дар Тоҷикистон чӣ мегузарад».

Аз Теҳрон баргаштам ва ба идораи «Новая газета» омадам. Барои чопи мусоҳиба миннатдорӣ кардам ва аз дӯстон хоҳиш кардам, ки оё имкон дорад Михаил Сергеевич Горбачев барои «Чароғи рӯз» мусоҳибае биорояд? Он рӯзҳо дар фикри он будам, ки ба як шахсияти ҷаҳонӣ ниёз дорем, то ки аз Тоҷикистон бигӯяд.

Якум. Рӯзномаю расонаю оҷонсиҳо аз он гуфтовард ва нақли қавл биоваранд.

Дуюм. «Чароғи рӯз» ба майдон бо як ҷилваи дилрабое ба фазои расонаии Русия ворид мегардад. Мисли аспе, ки ҳатман дар нахустин пойга ё майдони бузкашӣ бояд аз худ дарак диҳад.

Сеюм: Сурати Горбачёвро дар саҳфаи аввали рӯзнома дар нашриётҳо бубинанд, ҳама шубҳаҳо рафъ мегарданд: чаро як рӯзномаи тоҷикӣ дар Маскав чоп мешавад?

…Дар поезд равонам.

Белгород–Москва.

Дар багаж 20 000 «Чароғи рӯз» – газетаи гуреза, ки бӯи ранги матбаа мекунад.

Газетае, ки тифли айёми ошкорбаёнӣ ва бозсозии горбачёвист.

Дар саҳфаи як мусоҳибаи Михаил Горбачёв бо сурати ӯ.

Бо нишонии «махсус барои «Чароғи рӯз».

Муаллифон – се ситораи матбуоти Русия: Акрам Муртазоев, Дмитрий Муратов, Юрий Сорокин.

Кӣ мегӯяд, ки Худо маро дӯст намедорад?!

Кӣ мегӯяд, ки Худо ёри танҳоҳо нест?!

…Баъди чанд моҳ Акрам маро барои таҷлили зодрӯзаш даъват кард. Ман бо ҳамроҳии ҳамсарам ба ҳамон қаҳвахонае омадам, ки адресашро дода буд. Дар ду тарафи миз чанд журналистони шинос: Дмитирий Муратов, ки пасон Ҷоизаи Нобелро гирифт, Павел Вошанов, Юрий Сорокин ва 6-7 каси дигар бо хонумонашон менишастанд. Аз ҳама боло Михаил Горбачев бо ҳамсараш Раиса Максимовна буданд.

Ҳамон рӯз дарёфтам, ки Горбачев бо падари Акрам – котиби якуми обкоми Бухоро аз замони ҷавонӣ дӯстӣ доштааст. (Қаюм Муртазоев -яке аз арбобони давлатӣ ва сиёсии Ӯзбекистон аз тоҷикони Конибодом). Михаил Сергеевич соҳибҷашнро табрик кард ва ҳамаро ба беруни ресторан даъват намуд ва ба мошини наве ишора кард:

– Ин тӯҳфаи ман…

Аз он зодрӯз чанд лаҳза дар ёдам сахт нақш бастааст. Якум, хоксории Горбачев, ки бо ҳама баробар буд. Дуввум, муносибат ба ҳамсараш – Раиса Максимовна: чӣ сон ошиқона бо ӯ муносибат мекард. Саввум, «десерти горбачевӣ». Баъди хӯрдани ғизо хоҳиш кард, ки ба як пиёла шакар биёваранд ва ӯ бо шавқ хлебро дар чой тар мекарду ба шакар зада мехӯрд ва бо табассум мегуфт: «ман аз баччагӣ чунин мекунам. То ҳамин корро накунам, сер намешавам».

Ва аз ҳама асосӣ вафодорӣ дар дӯстӣ – ба табрики фарзанди дӯсташ омаданаш!

Бархе аз коммунистон барои пош хӯрдани СССР Михаил Сергеевичро гунаҳгор медонанд. Агар кудатои коммунистони мутаассиб – ГКЧП намешуд, шояд мо СССР-и дигарро медоштем. Ин мавзӯъи дигар аст.

Аммо ҳар тоҷик вақте аз Истиқлол мегӯяд бояд пеш аз ҳама аз Михаил Сергеевич Горбачев ёд кунад.

Ман меваи озодиро дар замони Горбачев чашидам. Ҳанӯз лаззати он дар лабонам аст.

Ман ҳама умр барои он талош меварзам, ки ҳаммиҳанони ман ҳам ин меваи биҳиштиро бичашанд.

Дуруд бар Горбачев – сиёсатмадоре, ки дунёро дигар кард.

Дуруд бар Горбачев – шахсе, ки ба 15 ҷумҳурӣ ва нисфи Аврупо озодӣ овард.

Дуруд бар Горбачев – марде, ки девори Берлинро шикаст.

Дуруд бар Горбачев – бебоке, ки девори тарсро шикаст!

Зинда бод Озодӣ!

Зинда бод Истиқлол!

Худо ба ҳамроҳ!

То дидор дар Душанбе!

Д. А.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Bloomberg: “Омрико дар баҳри Сурх дар муқобили Ҳусиҳои Яман дар ҳоли шикаст хӯрдан”
Номаи Гондӣ ба Ҳитлер

Матолиби пурбоздид