Қолибоф: Омода, мусаллаҳ ва устувор истодаем!

Қолибоф: Омода, мусаллаҳ ва устувор истодаем!

Ахбори байналмилал

Қолибоф хитоб ба Тромп: “Агар ба хонаи мо таарруз кунӣ, бо кулли хонавода рӯбарӯ мешавӣ”

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар Х хитоб ба Тромп навишт:

“Гӯш кун…

Вақте 18 солам буд, аслиҳаамро бардоштам ва мустақим ба дили набард рафтам, то аз хоки Эрони азиз ва шикастнопазирам дифоъ кунам; танҳо хонае, ки ҳамеша шинохтаам.

Бародари худам, Ҳасан, дар ҳамон набард барои миҳанамон ҳама чизашро гузошт. Аммо ҳаргиз ба хона барнагашт. То имрӯз ҳам ҳанӯз дилам мехоҳад фақат як бори дигар ӯро дар оғӯш бигирам. Чунин дарде ҳеч вақт аз вуҷуди як мард пок намешавад.

Ва ӯ танҳо набуд. Бародаронеро аз даст додам, ки ҳамхунам набуданд, аммо ба ҳамон андоза хонаводаам буданд; мардоне, ки мисли шер ҷангиданд ва барои ҳамеша бахше аз вуҷудам шуданд.

Аммо ин корест, ки мо анҷом медиҳем. Мо ҳама чиз – ҳар чи дорем – ро барои сарзамине, ки дӯсташ дорем медиҳем. Ҷавониамон, хунамон ва тамоми фардоҳоеро, ки дар пеш доштем, барои Эрон нисор кардем.

Мо ҷангталаб нестем. Аммо вақте пойи дифоъ аз миҳан дар миён бошад, так-таки мо ба як сарбоз табдил мешавем.

Ҳамин ҳоло, дар камтар аз як ҳафта, як корзори миллии қудратманд дар саросари кишвар шакл гирифта, ки ҳудуди 7 миллион эрониро пеш овардааст; касоне, ки эълом кардаанд, силоҳ ба даст бигиранд ва аз кишварашон дифоъ кунанд.

Бигузор рук ва аз таҳи дил бигӯям: эрониҳо фақат дар бораи дифоъ аз кишварашон ҳарф намезананд, барояш хун медиҳанд. Қаблан ҳам ин корро кардаем ва дубора ҳам омодаем.

Агар ба хонаи мо таъарруз кунӣ… бо тамоми хонавода рӯбарӯ мешавӣ.

Омода, мусаллаҳ ва устувор истодаем!”

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ал-Бародаӣ: Тромп НАТО-ро фурӯхт
Махфигоҳи низомиёни амрикоӣ мавриди ҳадафи Эрон қарор гирифт

Матолиби пурбоздид