Қурбонӣ
Бону, туро, барои дилам, баргузидаам
Дар рӯҳи ту шукуҳи ғазалро дамидаам
Рӯҳи бузургу ҳусни расоят сутуданист
Васфи ту аз даҳони халоиқ шунидаам
Имшаб ба ифтихори ҳузури мунавварат
Ман суфраҳои шеъру ғазал густаридаам
Зебоиву малоҳату маҷзубии туро
Дар қолабе, даруни ғазалҳо кашидаам
Он қадр аз Худо талаби ишқ кардаам
Яъне туро зи дасти Худо ман харидаам
Имшаб ба эҳтироми қадамҳои сабзи ту
Ман гардани ҳазор ғазалро буридаам
(Фирдавси Аъзам)
qalamonline.net
Қаламонлайн













