Ҳакимона
Мадрасаи ҳикмат ва андеша
Аз ҳакиме пурсиданд: Неъмате, ки бар соҳибаш рашк набаранд ё балое, ки бар гирифтораш дилсӯзӣ накунанд, мешиносӣ?
Гуфт: Оре, он неъмат тавозӯъ аст ва он бало такаббур.
***
Ҳакиме гӯяд: Оқил бояд ду ойина дошта бошад: дар яке, бадиҳои хеш бинад, то худро ҳақир бибинад ва битавонад айбҳояшро ислоҳ кунад. Ва дар ойинаи дигар, хубиҳои дигарон бинад, то он чӣ битавонад, ба чанг оварад ва худро бад-онҳо биёрояд.
***
Ду чиз аст, ки то ҳаст, қадрашро нашносанд: тандурустӣ ва ҷавонӣ.
***
Бишр ибни Ҳорис мегуфт: Ин мавъиза бас аст, ки ҷамъе мурдаанд ва ёдашон дилро зинда мекунад ва гурӯҳе зиндаанд ва диданашон дилро мемиронад. Ва ашъоре бад-ин мазмун мегуфт (тарҷума аз арабӣ):
Ба Худо қасам, хӯрдани орди ҳастаи хурмо ва оби шӯри чоҳҳои амиқ,
Мӯҳтарамтар аст аз озмандӣ ва хоҳиш аз чеҳраҳои абусу гирифта.
Бар Худо таваккул кун, ки ин бениёзии ҳақиқӣ ва тиҷорате судманд аст.
Буридани тамаъ сояи иззат аст ва тамаъ боиси расвоию мазаллат.
Қаламонлайн
qalamonline.net













