Ҳаким ва нобихрадон
Мактаби инсоният
Ҳакимеро носазо гуфтанд. Ӯ ҳеч ҷавобе надод. Ҳакимро гуфтанд: Эй ҳаким! Аз чӣ рӯй ҷавобе надодӣ?
Ҳаким гуфт: Аз он рӯй, ки дар ҷанге дохил намешавам, ки барандаи он бадтар аз бозандаи он аст.
Паёми ҳикоят:
وَاِذَا خَاطَبَهُمُ الْجاهِلُون قالُوا سَلاما
“Бандагони шоистаи Худованд касоне ҳастанд, ки чун нодонон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд (ва суханони нобихрадона гӯянд), ба онҳо салом мегӯянд (ва бо беэътиноӣ ва бузургворӣ мегузаранд)”. (Сураи Фурқон, ояти 62)
Қаламонлайн
qalamonline.net













