Ҳак шудани телевизиони Исроил ва пахши тасовири Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ахбори байналмилал
Тел-Авив, бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, яке аз шабакаҳои телевизионии Исроил мавриди ҳамлаи сойберӣ (киберӣ) қарор гирифтааст. Масъулияти ин иқдомро гурӯҳе бо номи «Ҳанзала» бар ӯҳда гирифтааст.
Ба гуфтаи манобеи расонаӣ, пас аз рахна ба сомонаи пахш, дар ҷараёни барномаҳо тасовири Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, намоиш дода шудааст.
То кунун мақомоти расмии Исроил ҷузъиёти фаннӣ ё арзёбии хисороти эҳтимолиро эълом накардаанд. Ҳамчунин дар бораи ҳаҷм ва давомнокии ихтилол дар пахши барномаҳо маълумоти дақиқ дастрас нест.
Қаламонлайн
qalamonline.net












