Ҳамалоти Яман ба киштиҳои Омрико ва Исроил дар уқёнуси Ҳинд

Ҳамалоти Яман ба киштиҳои Омрико ва Исроил дар уқёнуси Ҳинд

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки дар идомаи ҳимоят аз мардуми Фаластин, киштиҳои мутааллиқ ба Омрико ва режими саҳюнистиро дар уқёнуси Ҳинд ҳадаф қарор додаанд.

Ба гузориши Алмасира, сартиб Яҳё Сареъ – сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки киштии Larego Desert мутааллиқ ба Омрикоро дар уқёнуси Ҳинд ҳадаф қарор додаанд.

Сареъ бо баёни ин ки нерӯҳои яманӣ киштии MSC Mechela-ро, ки мутааллиқ ба Исроил аст, дар уқёнуси Ҳинд ҳадаф қарор доданд, хабар дод, ки киштии Minerva Lisa ҳам дар баҳри Сурх ҳадаф қарор гирифт; зеро тасмими мамнӯияти вуруди киштиҳо ба банодири Фаластини ишғолиро нақз кард.

Вай бо ишора ба анҷоми ду амалиёти муҳим зидди ду новшикани ҷангии Омрико дар баҳри Сурх, таъкид кард, ки амалиётҳои дарёӣ, ҳавоӣ, мушакӣ ва паҳподии Яман ба аҳдофи худ расидааст.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар поён гуфт, ки ин кишвар дар ҳимоят аз мазлумияти миллати Фаластин, то замони таваққуфи ҷанги Ғазза ва шикасти муҳосира, ба ҳамалоти худ идома хоҳад дод.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар паи ҷиноёти Исроил дар Рафаҳ; Ҳамос дар музокироти табодули асирон ширкат нахоҳад кард
Ҳамла ба Алҷалил ва Ҷулони ишғолӣ, бо мушак аз ҷануби Лубнон

Матолиби пурбоздид