Ҳамапурсӣ дар Қазоқистон
Ахбори байналмилал
Ҳамапурсӣ оид ба Қонуни асосӣ; қадами тозаи Қазоқистон дар масири ислоҳот
Ҳамзамон бо баррасии пешнависи Қонуни асосии нави Қазоқистон, коршиносони Иттиҳоди Аврупо бар ин назаранд, ки ин кишвар вориди марҳилаи ҷадиди рушди сиёсӣ ва ниҳодии худ шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, баргузории ҳамапурсӣ оид ба Қонуни асосӣ метавонад ба беҳтар шудани мудирият, таҳкими ҳуқуқи башар ва омодагӣ барои рӯ ба рӯ шудан бо чолишҳои нави байналмилалӣ мусоидат намояд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки ислоҳоти пешниҳодшуда, дар сурати иҷрои муназзам ва шаффоф, метавонад заминаи таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишварро фароҳам оварад.
Ин таҳаввулот дар ҳоле ҷараён дорад, ки Қазоқистон талош мекунад сохтори мудириятӣ ва низоми ҳуқуқии худро мутобиқ ба шароити муосир такмил диҳад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













