Ҳама чиз олист!!!

Ҳама чиз олист!!!

Олӣ буданро барои худамон ҳамеша такрор  кунем, то олӣ шавем!

Мо ба ҳар чизе, ки фикр мекунем, ҳарчи мегӯем ва ҳар чи ба забон меоварем, ҳамон мешавад.

Пас ҳамеша ва доиман бо худамон такрор кунем:

Ҳама чиз олист!!!

Ба зеҳн ва замири худ, олӣ буданро талқин кунем.

Зеҳни мо чизеро месозад, ки мегӯем.

Афкори мо метавонад як биёбони хушкро ба гулистон табдил кунад.

Одамҳои солим дунёе аз афкори олӣ доранд ва зеҳни худро хушҳолу солим нигаҳ медоранд.

Барои ҳамин ҳамеша саломату шод, хунсарду меҳрубон ҳастанд.

Зеҳни солим муваффақият ба ҳамроҳ дорад.

Тамоми посухҳои ту маҳсули зеҳни туст.

Зеҳни ту аст, ки асабонӣ мешавад.

Зеҳни туст, ки баҳонаҷӯву якрав аст.

Зеҳни ту аст, ки ҳамеша бо дигарон баробарӣ меҷӯяд.

Зеҳни ту аст, ки садама мебинад.

Зеҳн ромшаванда аст.

Вақте зеҳн ром мешавад, оромиш барои ҳамеша боқӣ мемонад, ки он оромиши худи туст.

Огоҳӣ аст.

Огоҳӣ ҳамеша ором аст, ҳамеша шод аст…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳассостарин давраи тарбиятии кӯдак
Ҳикояти ғуломи аҷамӣ

Матолиби пурбоздид